Дар вилояти Суғд аз кӯшиши худкушии ҷавонзани 33-сола пешгирӣ шуд: ӯ мехост худро аз пул ба дарё партояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
“Соати 15:30 дақиқаи 30 январ ба Раёсати навбатдориии Кумита дар вилоят аз шоҳидон хабар расид, ки дар Хуҷанд ҷавонзане худро аз пул ба Сирдарё партофтанист”, - иброз дошт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, то омадани имдодгарон зан аллакай худро ба дарё партофта буд, лекин наҷотбахшони фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда тавонистанд, ки ӯро аз дарё берун бароранд.
Дар соҳили дарё ба зан кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуда, аз бистарӣ шудан дар беморхона ӯ даст кашид.
Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ба худкушӣ даст задани ҷавонзанро таҳқиқ мекунанд.
Тибқи маълумоти КҲФ, соли 2021 дар ҷараёни чорабиниҳои садамавӣ ва наҷотбахшӣ ҳудуди 200 нафар кумаки фаврӣ гирифтанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.