Дар як садамаи нақлиёт дар Душанбе, ки автомашинаи боркаш ба мошини сабукрави тамғаи хориҷӣ бархӯрд, касе ҳалок нашуда, се мусофири автомашинаи сабукрав ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Дар маълумот гуфта мешавад, 1-уми феврал дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар рӯ ба рӯи Маркази барқу гармидиҳии №2 шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» таҳти идораи Рустам Муминови 29-сола, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ба самти чап гардиш намудан ба автомашинаи тамғаи «MAN таҳти идораи Муҳаммадраҷаб Ҳасанови 36-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст.
“Дар натиҷа ронанда ва ду нафар мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», мардони 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шуда, таҳти назорати табибон қарор доранд”, - зикр мешавад дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар натиҷаи ин садама хушбахтона ягон нафар ба ҳалокат нарасида, иттилои дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҳалокати як нафар ва ҷароҳатҳои вазнин бардоштани 5-нафар асоси воқеӣ надоранд.
Ёдрас мекунем, ки навори видеои ин садама рӯзи 1 феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дар он дида мешавад, ки автомашинаи сабукрав зери мошини бузургҳаҷми боркаш қарор дорад. Шоҳидони ҳодиса ҷиҳати аз мошин берун овардани ҷароҳатбардоштагон кумак мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.