Бар асари сӯхтори манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд як мӯйсафеди 70-сола фавтидааст. Ин аввалин ҳодисаи фавти як нафар дар пайи сӯхтор давоми соли ҷорӣ, дар вилояти Суғд мебошад. Шахсият ва ҷузъиёти шахси фавтида маълум нест. Дар ин бора аз Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-плюс” хабар доданд.
Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатари аз сӯхтори РХДО дар вилояти Суғд имрӯз, 18-уми январ, гуфт, ки сӯхтор дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи шанбе, 14-уми январ, дар манзили истиқоматӣ ба амал омада, дар пайи он як мӯйсафеди 70-сола фавтидааст. Ҳоло таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.
Ин масъули идораи сӯхторхомӯшкунӣ дар вилояти Суғд таъкид мекунад, ки дар пайи сард шудани ҳаво ҳодисаи сар задани сӯхтор дар вилоят афзоиш ёфтааст.
“Танҳо давоми як ҳафтаи ҳавои сард 19 ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки аксарияти он дар манзили истиқоматии сокинон рух додааст. Ин дар ҳоле, ки то санаи 10-уми январ ҳамагӣ 10 ҳодисаи сӯхтор қайд шуда буд”, - гуфт Қаҳрамон Қодирзода.
Ӯ мегӯяд, ки аз оғози сол дар ҳудуди вилоят дар умум, 35 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст ва ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузаштаи гузашта 13 ҳолат зиёд мебошад.
Ба гуфтаи номбурда, бештари ҳодисаҳои сӯхтор дар хонаҳои истиқоматӣ сар задаанд, ки сабаби асосӣ нодуруст истифода бурдани воситаҳои гармидиҳандаи барқӣ ва таҷҳизоти худсохти барқӣ мебошад.
“Аз 35 ҳодисаи сӯхтор 26 адади он дар хонаи истиқоматӣ рух дода, 5 адад дар нақлиёт ва 4 адади дигар дар иншооти гуногун ба қайд гирифта шудааст”, - гуфт Қаҳрамон Қодирзода.
Ӯ гуфт, ки зарари умумӣ аз сӯхтор дар ин давра беш аз 300 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Дар робита ба сардии ҳаво идораи сӯхторхомӯшкунии вилоят аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи воситаҳои гармидиҳанда эҳтиёткор бошанд ва аз истифодаи таҷҳизоти худсохт даст кашанд.
Ёдовар бояд шуд, ки аз 10-уми январ дар Тоҷикистон ҳавои сард ҳукмрон аст ва мушкили барқу гармӣ ва обӣ нӯшокӣ муаммои иловагӣ барои сокинон гардидааст. Дар шаҳрҳои кишвар, мушкили низоми гармитаъминкунӣ пеш омадааст, сокинон барои гарм кардани хонаҳои худ аз таҷҳизоти барқӣ истифода мекунанд ва ин боиси афзоиши ҳодисаи сӯхтор гардидааст.
Сироджиддин Фозилов: «Никогда не уходил из искусства, не ухожу и не уйду»
Национальный банк Таджикистана предупреждает о росте мошенничества в Telegram и WhatsApp
СМИ: США приостановили рассмотрение заявлений от мигрантов из Украины и Латинской Америки
JICA провела акцию по посадке деревьев в школе искусств им. М. Атоева
Страны ЕС согласовали 16-й пакет санкций против России
В Пенджикенте задержан мужчина, пырнувший ножом 8-летнюю девочку
«Его страна разорвана в клочья». Трамп обрушился на Зеленского после переговоров РФ и США
Власти Узбекистана предоставят малоимущим беспроцентные ссуды на запуск своего бизнеса
Таджикистанец Баходур Усмонов узнал дату своего нового боя на мировой арене
Президент Таджикистана принял верительные грамоты новых послов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста