Дар ин бора Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ имрӯз, 7-уми феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Субҳи имрӯз аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки барои фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик ба Туркия ҷиҳати рафъи оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо супориши раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа ҷараён дорад.
Ҳоло оид ба натиҷаи ҷаласаи мазкур маълумоти муфассал дастрас нест.
Дар ҳамин ҳол кишварҳои Осиёи Марказӣ наҷотдиҳандагони худро аллакай ба Туркия фиристоданд.
Аз ҷумла, субҳи имрӯз бо супориши президенти Қазоқистон наҷотбахшони ин кишвар ба Туркия сафар карданд.
Ҳамчунин, 63 нафар наҷотдиҳандагони Қирғизистон низ имрӯз ба Туркия сафар карданд.
Ӯзбекистон ҳам ҳадаф дорад, ки 60 нафар наҷотдиҳандаи худро ба Туркия фиристад.
Гуфтан ба маврид аст, ки субҳи 6-уми феврал, заминларзаи шадид бо шиддати 7.8 балл манотиқи ҷанубу шарқи Туркия ва шимоли Сурияро такон дод. Баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз заминларзаи дигаре бо шиддати 7.5 бал рух дод, ки омори қурбониёнро беш аз ҳадд боло бурд.
То ҳол теъдоди қурбониён беш аз 3 ҳазор гуфта мешавад, аммо он ҳар лаҳза афзоиш меёбад.
«Таджик Эйр» выполнил первый рейс по маршруту Душанбе – Рашт
Кохлеарная имплантация в Таджикистане: Восстановит ли она слух полностью, и с какого возраста можно проводить операцию?
Стихи, ремесла и национальная одежда: в Иране прошел «Вечер Таджикистана»
BILD: Две трети человечества находится под властью мужчин старше 70 лет
Исследование РАНХиГС: в Россию вернулись 10% релокантов
В Таджикистане снизили ставку рефинансирования
Сергей Хмельницкий и зарождение архитектурной школы Таджикистана
Власти США решили в 30 раз сократить штат USAID
Таджикистан нарастил экспорт фруктов, но вдвое сократил поставки овощей в 2024 году
Швейцария вернет Узбекистану $182 млн из активов Гульнары Каримовой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста