Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 12 391 нафар расид, хабар медиҳад хабаргузории маҳаллии Anadolu бо истинод ба Идораи ҳолатҳои изтирорӣ (AFAD).
Рӯзномаи Hurriyet бо такя ба ҳамин ниҳод навиштааст, ки теъдоди маҷрӯҳшудагон тақрибан ба 63 ҳазор нафар расидааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости хабар медиҳад.
Дар Сурия бошад, тибқи омори охирини Вазорати тандурустии ин кишвар теъдоди қурбониён ба беш аз 2992 нафар расида, зиёда аз ду ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Бо гузашти се рӯз аз заминларзаи харобиовар дар Туркияву Сурия то ҳол наҷотдиҳандагон аз зери биноҳои фурӯрафта одамони зиндамондаро берун мебароранд.
Ҳоло ба ин кишвар аз давлатҳои гуногун садҳо наҷотдиҳанда сафарбар гардида, ба ҳамкасбони турки худ барои бартараф кардани оқибатҳои заминларза кӯмак мерасонанд.
Аз ҷумла, Тоҷикистон низ субҳи имрӯз, 9-уми феврал ба Туркия кумаки башардӯстона ва 50 нафар имдодгаронро фиристод. Ба ҳайати гурӯҳ имдодгарони соҳибтаҷриба, табиби ҷарроҳ ва ҷароҳатбанд шомиланд.
Дар Туркия бошад, бо дастури раисҷумҳури ин кишвар 7 рӯз мотами миллӣ эълон гардидааст.
Бояд гуфт, ки Туркия ва Суриявро субҳи барвақти рӯзи 6-уми феврал заминларзаи шадид бо қувваи 7,7 балл такон дод. Худи ҳамон рӯз заминларза бо ҳамин шиддат такрор ёфт, ки ин миқёси харобиҳоро зиёд ва теъдоди қурбониёну маҷрӯҳонро афзуд.
Дар хусуси тоҷикони муқими Туркия ва шароити онҳо то ҳол маълумоти эътимоднок дар даст нест. Маълум нест, ки касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ин офати табии зарар дидааст ё не.
«Таджик Эйр» выполнил первый рейс по маршруту Душанбе – Рашт
Кохлеарная имплантация в Таджикистане: Восстановит ли она слух полностью, и с какого возраста можно проводить операцию?
Стихи, ремесла и национальная одежда: в Иране прошел «Вечер Таджикистана»
BILD: Две трети человечества находится под властью мужчин старше 70 лет
Исследование РАНХиГС: в Россию вернулись 10% релокантов
В Таджикистане снизили ставку рефинансирования
Сергей Хмельницкий и зарождение архитектурной школы Таджикистана
Власти США решили в 30 раз сократить штат USAID
Таджикистан нарастил экспорт фруктов, но вдвое сократил поставки овощей в 2024 году
Швейцария вернет Узбекистану $182 млн из активов Гульнары Каримовой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста