Ба ҳар оилаи қурбонии тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 40 ҳазор ва барои осебдидагон 10 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ВМКБ хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ҳамчунин, барои ҳар як оилаи зарардида кӯмаки яквақтаинаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон расонида шуд.
Гуфта мешавад, ки расонидани кӯмакҳо 17-уми феврал оғоз гардида, онро гурӯҳи кории ҳукумати ВМКБ ба оилаҳо супориданд.
Аз ҷумла, ба оилаи Шовалиевҳо, ки рӯзи 15-уми феврал дар пайи тармафуроӣ падару писарро аз даст дода буданд, 80 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ ва ҳамчунин 10 халта орд, 50 литр равған, 50 кило биринҷ ва 50 кило шакар дастрас карда шуд.
Ба иттилои гузорише, ки Телевизиоин “Тоҷикистон” нашр кард, кӯмаки якдафъаина аз ҳисоби фонди президент ҷудо шуда, дар маҷмӯъ, 18 тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 12,5 ҳазор кг орд, 2,5 ҳазор кг шакар, 1 ҳазору 250 литр равған, 1 ҳазору 250 кг биринҷ ва маҳсулоти дигар ҷудо шудааст.
“Ҳамчунин, 250 кат бо ҷиҳози хоб, маҷмӯи сару либос, 50 печи алобӣ ва як миқдор гармкунаки электрикӣ ба оилаҳои зарардида фиристода шуд”, - омадааст дар гузориши ТВ “Тоҷикистон”.
Ҳамчунин, имрӯз, 20-уми феврал Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз шаҳри Хоруғ дидан кард. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод ва гуфт, дар шаҳри Хоруғ котиби Шӯрои амнияти кишвар Насрулло Маҳмудзода, раиси КҲФ Рустам Назарзода, вазири саноат Шералӣ Кабир, раҳбарияти вазорати тандурустӣ ва нақлиёт низ ҳузур доранд.

Ба гуфтаи вай, аъзои ҳайати ҳукуматӣ бо рафти корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар маркази маъмурии ВМКБ шинос шуданд.
Онҳо инчунин шаҳрвандони маҷрӯҳшударо дар беморхона аёдат карданд.
Сарвазир пас аз шиносоӣ бо корҳои барқарорсозӣ ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонии ба нақша гирифташударо барои бесарпаноҳон ҳарчи зудтар анҷом диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи тармафароии рӯзи 15-уми феврал дар ВМКБ 18 нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Дар пайи ин, Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони қурбониён таслият изҳор намуда, комиссияи вижаеро барои бартараф намудани хисорот таъсис дод.
Продукт мирового качества - для таджикских детей
Сентябрь – 2023: Поездки президента, заявления Кыргызстана, гибель певца и победы на Азиаде
Как простой учитель из Куляба Абдукахори Сулаймон стал «Учителем года» в Таджикистане
В частной школе Алматы изнасиловали первоклассника
Уже более 100 тысяч жителей Нагорного Карабаха бежали в Армению - почти все его население
Названа предварительная причина пожара на рынке «Джумабазор» в Худжанде
Нобелевскую премию по медицине получили ученые, создавшие новый тип вакцин
Cтартовал новый проект "Tcell Kids"
Как самостоятельно заполнить анкету на Green-Card?
Бизнесмены Таджикистана и Беларуси заключили контракты на 16 миллионов долларов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста