- Ёвари прокурори ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад, - хабар дод сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Ҷамолиддин Муҳаммадзода.

Ба гуфтаи ӯ, ёвари покурори ноҳияи Ҷайҳун Д.Холзода тибқи маслиҳати пешакӣ бо ронандаи ҳамин прокуратура Ш.Назаров барои мусоидат ба нафъи яке аз гумонбаршудагон дар парванда аз ӯ 8,3 ҳазор сомонӣ пора гирифтаанд.

Қайд шуд, ки зимни амалиёти фаврӣ ҳарду гумонбаршуда ҳангоми гирифтани маблағи пора боздошт шудаанд. «Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», - афзуд номбурда.