Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон дар натиҷаи амалиёти махсус аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноии фаромиллиро дастгир карданд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ, дар ҷараёни амалиёт аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша 70 кило маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, зимни ҷамъоварии мълумот дар бораи ин гурӯҳ муайян шудааст, ки онҳо таҳти роҳбарии Камолиддин валади Тутӣ, сокини вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори ҶИА ният доранд тариқи убури сарҳади давлатӣ ба хоки Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухаддирро ворид созанд.
«Зимни убури ғайриқонунии сарҳад аз ҷониби қочоқчиён, задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омада, дар натиҷа Камолиддин валади Тутӣ бо дигар қочоқчиёни афғон бо истифода аз торикии шаб ва мавқеи душвори ҷуғрофӣ ҷониби ҶИА фирор намуданд.
Ҳангоми муқовимати мусаллаҳона дар ҳудуди сарҳад ҳаракати ду мошини шубҳанок ба тарафи ҷамоати Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ба мушоҳида расид», - омадааст дар хабар.
Дар ҷараёни баргузории тадбирҳои минбаъдаи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 7 нафар аъзои гурӯҳ, шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва аз махфиогоҳи махсуси омодакардаи онҳо ҳудуди 68 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш, беш аз 2 кило бангдонаи хушконидашуда ва 1,5 кило афюн дарёфт шудааст.