Тафтиши ҳодисаи кордкашӣ миёни ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-юми шаҳри Душанбе, ки бар асари он ду нафар ҷавон ба ҳалокат расиданд, дар арафаи анҷомёбист. Дар ин парванда 13 нафар ҳузур доранд. Парванда мутобиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ «Одамкушӣ» баррасӣ мешавад.

Дар Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки моҳи март муҳлати тафтиши ин парванда боз 2 моҳ дароз шуд, то ки ҳамаи ҳолатҳои ҳодиса, аз ҷумла мусалалҳ будани киҳо бо чӯбҳову арматура ва корд, аз ҷониби киҳо зарба задан бо пойҳо ва ба сурати умум нақши ҳар кадоме дар ин занозанӣ муайян карда шавад.

Айни замон тафтиши парвандаи мазкур дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар Прокуратураи генералӣ ваъда доданд, ки баъдтар доир ба тамоми ҷузъиёти он маълумот медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон бар асари муноқишаву занозанӣ байни толибилмони се мактаби шаҳри Душанбе дар яке аз интернет-кафеҳои микрорайони 103-юм ду тан аз хонандагон аз захми корд ҳалок шуданд.