Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон пешниҳод дорад, ки хонаҳои сохташуда дар қитъаҳои замини ғайриқонунӣ азхудшуда тариқи суд ба давлат баргардонида шавад.
Бино ба маълумоти ӯ, то имрӯз нисбати шахсоне, ки дар хариду фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин гунаҳкоранд, 540 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 3 772 га замине, ки аз ҷониби мансабдорон ба ивази пораҳои калон ба аҳолӣ ҷудо шудааст, ба давлат баргардонида шудааст.
«Танҳо дар доираи як парвандаи ҷиноӣ вобаста ба ин масъала дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи махсуси Прокуратураи генералӣ тафтиш шуд, порагирӣ ба маблағи зиёда аз 4 млн. сомонӣ ошкор шуд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки барои ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи заминҳо аз ҷониби мансабдорон дар ноҳияи Рӯдакӣ маҳз ҳамин миқдор маблағ ба сифат пора дода шуда, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз ва ба баррасии суд пешниҳод гардидааст.
Ба савол дар бораи чӣ кор кардани одамоне, ки дар қитъаҳои ғайриқонунӣ ҷудошуда хона сохтаанд, прокурори генералӣ чунин посух дод:
«Одамони камбизоат хонаҳои бисёрошёна ё қаср намесозанд. Фаҳмидед? Онҳо қитъаҳои заминеро, ки барои гирифтани он 10-20 ҳазор доллар пора додан лозим аст, харидорӣ намекунанд!».
Юсуф Раҳмон итминон дод, ки нисбати шахсони машғул ба хариду фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин мувофиқи қонун чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки масъалаи ба давлат баргардонидани хонаҳое, ки дар қитъаҳои ғайриқонунӣ ҷудогардида сохта шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дорад.
«Ба суд даъво пешниҳод мекунем, тамоми тадбирҳоро меандешем, то ки ин хонаҳо моли давлат шаванд, - гуфт прокурори генералӣ. - Аз ҷумла ҳамаи пулҳои ба сифати пора ба мансабдорон додашударо низ, зеро дигар хел роҳи пешгирии ғайриқонунии азхудкунии замин вуҷуд надорад».
Дар фарҷом прокурори генералӣ итттилоъ дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта имсол шумори ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши замин кам шудааст.