Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Убайдулло Шарипови 32-сола барои узвият ба равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» ва таблиғи ақидаҳои ин ҳаракат ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судя Боирҷон Зоҳирзода хабар дод, Шарипов моҳи майи соли 2017 аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд боздошт шудааст.

Ба гуфтаи судя, зимни мурофиа муайян карда шудааст, ки маҳкумшуда соли 2014 ихтиёрӣ ба сафҳои равияи мазҳабии «Салафия» шомил гардида, то замони боздошташ андешаву афкор ва ҳадафҳои ин ҳаракатро таблиғ мекардааст.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд,  гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар – Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён, Киромиддин Абдураҳмонов, писари ӯ ва ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсуфов маҳкум шуда буданд.