Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муовини сардори муассисаи 9/5 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Маснадқул Холиқовро зимни гирифтани пора дар ҳаҷми 600 доллар дастгир намуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуотиАгентӣ, Холиқов аз шаҳрванд А. барои аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Истаравшан ба муассисаи ислоҳии ноҳияи Ёвон нагузаронидани бародараш пора тамаъ кардааст.
Гуфта мешавад, нисбати Холиқов мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди тафтишот ҷиҳати баррасӣ ба суди шаҳри Истаравшан фиристода шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.