Ду корманди воломақоми Бюрои миллии Маркази «Интерпол» дар Тоҷикистон ба гумони порагирӣ боздошт шуданд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи ҷумҳурӣ дар бораи боздошти сардори Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмиллалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД Тоҷикистон подполковники милитсия Алоҳиддин Камолов ва ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мазкур Ҷовид Ваҳобов маълумот медиҳад.

Гуфта мешавад, онҳо  бо роҳи фиреб бо баҳонаи он ки як шаҳрвандро бо парвандаи ҷиноятии мазкур на ба сифати гумонбаршуда, балки ба сифати шоҳид ҷалб намуданашон, маблағи 15.000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудаашон дар утоқи кории Ҷовид Ваҳобов 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 10.000 сомониро талаб намудаанд.

Ҳамчунин Алоҳиддин Камолов ба ҳамин монанд аз як шаҳрванди дигар маблағи 15.000 сомонӣ талаб намудааст. Ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Ҷовид Ваҳобов бо маслиҳати пешакии Алоҳиддин Камолов санаи 30 августи соли 2017 аз шаҳрванд дар назди Беморхонаи ёрии таъҷилӣ дар дохили автомашини шахсиаш маблағи 5000 сомониро гирифта, боз овардани боқимонда 10.000 сомониро талаб намудааст.

Шаҳрвандон аз кирдорҳои ҷиноятпешаи Алоҳиддин Камолов ва Ҷовид Ваҳобов огоҳ ва бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуда хоҳиш намуданд, ки нисбати номбурдагон чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Худи ҳамон рӯз, яъне 30 августи соли 2017 дар назди бозори Шоҳмансури шахри Душанбе майори милитися Ҷовид Ваҳобов баъди бо маслиҳати пешакӣ бо Алоҳиддин Камолов зимни аз шаҳрванд гирифтани маблағи 10.000 сомонӣ дар дохили автомашинаи шахсиаш дастгир гардида, маблағи 10.000 сомонӣ аз дохили автомашинаи номбурда ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Зикр мегардад, ки нисбати Ҷовид Ваҳобов ва Алоҳиддин Камолов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.