Суди ноҳияи Рӯдакӣ як гурӯҳ заминфурӯшон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии  стансияи давлатии озмоиши  мошинаҳои Тоҷикистони Вазорати кишоварзӣ Ҳ.Раҳимовро ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Ҳ.Раҳимов (роҳбари ин муассиса аз охири соли 1995) бо ҳаммаслаконаш О.Садриддинов, О.Шарофутдинов, И.Убайдов ва С.Мирзоев дар 73 далели фурӯши қитъаҳои замин бо майдони умумии 7,43 гектар дар ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор эътироф шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби суд исбот шудааст, ки шаҳрвандони номбурда аз фурӯши қитъаҳои замин дар маҷмӯъ 245,5 ҳазор доллар ва 13 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ба даст овардаанд.

Суд Ҳ.Раҳимовро ба 25 соли зиндон, О.Садриддиновро - ба 24 сол, О.Шарофутдиновро - ба 16 сол, С.Мирзоевро - ба 8 сол ва И.Убайдовро - ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи октяр дар ин робита изҳор намуда буд, ки тӯли 20 соли охир қариб 2,5 ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзии ноҳия аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд.

«Аз ҷониби ситоди Прокуратураи генералӣ оид ба 960 ҳолати хариду фурӯши замин ба маблағи 45 миллион сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, - гуфт Президент. - Умуман, дар ду солу нуҳ моҳи охир нисбат ба 608 нафар бо зиёда аз 1500 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дода шудаанд».