Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар деҳаи Гулбутта бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 59 барои 1280 ҷойи нишаст дар ду бастро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёди мактаб Сарвари давлат бо дахл ба масъалаи истифодаи замин дар ноҳия иброз дошт, ки тӯли 20 соли охир қариб дуюним ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзии ноҳия аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд.

«Аз ҷониби ситоди Прокуратураи генералӣ оид ба 960 ҳолати хариду фурӯши замин ба маблағи 45 миллион сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, - гуфт Президент. - Умуман, дар ду солу нуҳ моҳи охир нисбат ба 608 нафар бо зиёда аз 1500 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дода шудаанд».

Сарвари давлат қайд кард, ки бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, соли 2016 қариб 3 гектар ва соли 2015 қариб 32 гектар замин фурӯхта шуда, ҳамин сол низ фурӯхтани дуюним гектар замин ошкор карда шудааст.

«Заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфта, бадтар аз ҳама, заминҳои ҳосилхези таъиноти кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ фурӯхта мешаванд, ки дар натиҷа тайи се соли охир 58 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрдааст, зеро заминҳои онҳо пурра фурӯхта шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ безамин мондаанд», - таъкид дошт Президент.

Норасоии омӯзгорон ва афзоиши ҷинояткорӣ

Дар робита ба фаъолияти соҳаи маориф дар ноҳия Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ноҳияи Рӯдакӣ аз лиҳози масоҳат ва зичии аҳолӣ яке аз ноҳияҳои бузургтарин ва сераҳолии кишвар буда, мушкилоти сохтмони муассисаҳои таълимии нав дар ин ҷо мушкилоти рӯзмарра боқӣ мемонад.

Президенти мамлакат ҳамчунин изҳор дошт, ки дар соҳаи маорифи ноҳия норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ, забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, инчунин, ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон ҷой доранд, ки роҳбарону мутахассисони соҳа бояд онҳоро ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намоянд.

Ҳамчунин Сарвари давлат аз  афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ нигаронӣ изҳор намуда, қайд кард, ки дар ҳашт моҳи соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 содиршавии ҷиноятҳо дар ноҳия қариб 17 фоиз афзуда, тӯли чор соли охир нисбати 168 нафар сокинони ноҳия ба гумони иштирок дар сафҳои созмонҳои террористӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.