Кормандони милитсия аз рӯи далели дуздии автомашинаи тамғаи “Тайота-Карола” ҷавонзани 24-солаи сокини пойтахтро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда субҳи рӯзи 25 октябр автомашинаи шахсии сокини 28-солаи ноҳияи Восеъро аз кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе ҳай карда мебарад.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.