Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон котиби коллегияи судии суди шаҳри Душанбе Баҳром Кенҷаевро ба гумони порагирӣ боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, Баҳром Кенҷаев бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои ба фоидаи охирон ҳал намудани баҳси граждании манзили истиқоматӣ 4 ҳазор доллари ИМА талаб намудааст.

«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Баҳром Кенҷаев зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 4 ҳазор доллари ИМА дар шаҳри Душанбе кучаи Ҷ. Расулов дастгир гардида, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати зикргардида, нисбати боздоштшуда бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноӣ ҷазои зиндон ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.