Роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов, ки рӯзи 5 декабр боздошт ва айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад, имрӯз бояд бо адвокати аз ҷониби оилааш кирокарда вохӯрад.
Ёдрас мекунем, ки қаблан нисбати Хайрулло Мирсаидов бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Суд нисбати ӯ доир ба чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан қарор содир намуда, корҳои тафтишотиро шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилоят анҷом медиҳад.
Тибқи маълумоти манбаи «Азия-Плюс», ки аз ҷараёни тафтишот огаҳӣ дорад, моддаи вазнинтарини пешниҳодшуда ба ӯ - «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ» мебошад. Шояд ин айбнома барои кадом як шӯхие, ки иштирокчиёни даста зимни ҳунарнамоӣ ба он роҳ додаанду ба назари касе эҳтимол бебарору ноком намояд, пешниҳод шуда бошад.
Ба гуфтаи сарёвари прокурори вилоят, корманди хадамоти матбуот Гулчеҳра Ғоибназарова, парванда бар асоси маводи дар интернет нашршуда аз ҷониби худи Мирсаидов ва аризаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода оғоз гардидааст.
Имрӯз дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҳабибулло, падари Хайрулло Мирсаидов хабар дод, ки адвокат Аскар Турсунов имрӯз ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои писараш пардохтааст.
Ҳабибулло Мирсаидов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки рӯзи шанбе ӯ ба тавқифгоҳи муваққатӣ барои писараш маводи ғизойӣ бурда, имрӯз низ баъди аз ҷониби адвокат иҷоза гирифтани дидор бо писараш, боз ба он ҷо меравад.
Идораи «Азия-Плюс» бо адвокат Аскар Турсунов дар тамос шуда, ӯ изҳор намуд, ки то ҳол бо зерҳимояи худ вонахӯрдааст.
Ӯ ҳамчунин ба савол дар бораи сабаби ба моддаи - «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ» айбдор кардани зерҳимояаш посух гуфта натавонист.
Дар навбати худ падари боздоштшуда гуфт:
«Мегӯянд, ки дар ҳунарнамоиҳои худ дар толор ӯ гӯё шаъну эътибори мардуми тоҷикро паст зада бошад».
Дар ҳамин ҳол, бо ҳабси роҳбари даста, тими КВН Тоҷикистон аз иштирок дар мусобиқаи Ҷоми лигаи Москва, ки санаи 9 декабр доир гардид, маҳрум шуд.
Иштирокчиёни дастаи КВН Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки ба сафари охир бо қарз рафта, акнун барои иштирок дар мусобиқаҳои оянда, аввал бояд қарзҳоро пардохт намуд. «Роҳбарони Лига низ аз вазъи мо бохабаранд», - гуфтанд онҳо.
Зикр гардид, ки барномаи охирини онҳо ба масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла доир ба футбол, қолабҳои маъмулии қабулшуда нисбати тоҷикон дар Москва, ба таваққуфгоҳ гузоштани мошин ва ғайра бахшида шуда буданд.
Ҳамчунин иштирокчиёни даста изҳор намуданд, ки моҳи январ баргузории Фестивали Сочи дар назар буда, агар даста дар он иштирок накунад, пас метавон гуфт, ки фаъолияти тими КВН Тоҷикистон низ хотима меёбад.
В Таджикистане внедряют производство обогащённой муки, но процесс затянулся
Таджикские бизнесмены из России построили в Хатлоне соцобъекты на $1 млн
Как цифровая экосистема помогает финансовой инклюзии и поддержке предпринимательства в Таджикистане
«Ограбление и расправа». В Генпрокуратуре Таджикистана объяснили мотивы серийных убийств в Канибадаме
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Нарушающие эстетику решетки, главные должники в стране и 26 лет за нападение на муфтия
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 февраля 2025 года
Хамро Таирова – самая успешная женщина в не женском деле
Судебные приставы выдворили из России рекордное количество иностранцев в 2024 году
«Русмостранс» доставит грузы из России в Таджикистан легально
Молодых предпринимателей в Узбекистане поддержат льготными кредитами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста