Нисбати роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтари адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд.
Имрӯз суд нисбати ӯ доир ба чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан қарор содир намуд. Корҳои тафтишотиро шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилоят анҷом медиҳад.
Дар прокураураи вилоят ба «Азия-Плюс» шарҳ дода натавонистанд, ки мутобиқи моддаи «барангехтари адовати милливу нажодӣ ва динӣ» ҷинояти Мирсаидов дар чӣ амалҳо зоҳир меёбад. «Ин сирри тафтишот аст», - гуфтанд дар маркази матбуот ва қайд карданд, ки маълумоти муфассал дар ин хусус баъдтар пешниҳод мегардад.
Шояд маълумоти мазкур сани 15-ум пешкаш шавад, зеро бо гузашти 10 рӯз аз замони боздошт (дар ин ҳолат - 5 декабр) мувофиқи қонун прокуратура бояд ба гумонбаршуда айбнома пешниҳод намояд.
Акбар Турсунов, адвокати Мирсаидов айни замон дар шаҳри Душанбе қарор дошта, ба шарҳи вазъ танҳо рӯзи душанбе, 11 декабр омодагӣ изҳор кард.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябр Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода дар суҳбати телефонӣ бо «Азия-Плюс» аз шарҳи масъалаи боздошти Хайрулло Мирсаидов худдорӣ варзид.
Ба савол доир ба ҳисобот додани Мирсаидов дар мавриди воситаҳои пештар гирифтааш Зоҳидзода чунин посух дод: «Доир ба ин масъала ҳамаи саволҳоятонро ба прокуратура диҳед».
Хайрулло Мирсаидов роҳбари Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғдро ба дуруғгӯӣ айбдор карда буд.
Что такое хелсизм и чем он опасен? Рассказывает врач из Таджикистана
В Кыргызстане опубликовали декларацию о доходах президента. Сколько он заработал?
Высшая лига Таджикистана подешевела. Сколько стоят таджикские футбольные клубы?
В Тегеране неизвестный застрелил двух судей Верховного суда
Жители села на юге Таджикистана вынуждены использовать талую воду для своих нужд – другой у них просто нет
В угольной шахте в Таджикистане погибли трое горняков
Таджикский футболист Вахдат Ханонов вместе с «Сепаханом» завоевал Суперкубок Ирана
Кабмин Израиля одобрил сделку с ХАМАС о прекращении огня в Газе
Россия и Иран стали «всеобъемлющими стратегическими партнерами». Что это значит?
Аренда жилья в Таджикистане. Как правильно заключить договор?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста