Ҳюман Райтс Вотч (HRW) ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, аз боздошти Хайрулло Мирсаидов – хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон – шадидан нигаронӣ карданд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Стив Свердлов, пажӯҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба ҳаққи Мирсаидов эҳтиром гузоранд. “Хайрулло Мирсаидов, ки бо журналистиаш шинохта ва мавриди эҳтиром аст, зоҳиран охирин қурбонии таъқиби садои интиқодӣ аз ҳукумат аст”, - иброз доштааст номбурда.
Ин пажӯҳишгари HRW изҳор намудааст, ки “ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳуқуқи Мирсаидовро дар боздошт эҳтиром кунад. Аз ҷумла, дар муқобили ӯ ба бадрафторӣ роҳ надиҳад ва аз иқдоме кор гирад, ки раҳоиашро кафолат диҳад.” Созмони Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, бино ба иттиҳомҳои эълоншуда ба хабарнигори тоҷик то 21 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ дар Осиёи Марказӣ, мегӯяд, ки мақомот барои ҳабси Хайрулло Мирсаидов далелҳои муътамад пешниҳод накардаанд. Ӯ гуфт, журналистони мустақиле ба мисли Хайрулло Мирсаидов бояд барои корашон эҳтиром гузошта шаванд, на инки барои ба чолиш кашидани фасодкорӣ даҳонашон баста шавад.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, боздошти Хайрулло Мирсаидов дар ҳолест, ки соли 2017 мизони нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон афзуд. Ин созмон гуфт, дар ин сол ҳукумат озодии баёнро пахш карда, фаъолияти мухолифини осоиштаро манъ ва фаъолияти мустақили вакилони дифоъро маҳдуд намуд. Ба иттилои созмон, дар ҳоли ҳозир беш аз 150 фаъоли сиёсӣ, ки дар миёнашон вакилони дифоъ низ ҳастанд, “беадолатона дар боздошт нигаҳдорӣ мешаванд”.
“Соли гузашта ҳадди ақал 20 журналист низ бо нигаронӣ аз таъқиб барои фаъолияти касбӣ кишварро тарк кардаанд”, - хулоса кардааст созмони Ҳюман Райтс Вотч.
Tarona Music Award-2024: 15 звезд на одной сцене!
В «Ориёнбанк» подвели итоги акции с розыгрышем квартир и электромобилей
2025 год Зеленой Деревянной Змеи: что он принесет?
Что смотреть на новогодние праздники: 10 новых и самых новогодних фильмов
Селёдка под шубой: ТОП-5 необычных оформлений самого новогоднего блюда
Мэр Душанбе поручил искать гранты на ремонт ветхих электросетей и водопроводных линий в столице
Гульсифат Шахиди: «Тот, кто получил достойную жизнь, прежде всего много трудился»
В первый день нового года погода в Таджикистане резко изменится
Пять ключевых достижений Таджикистана в сфере энергетики и водных ресурсов в 2024 году
Власти Таджикистана решили рассекретить сведения о комплексном месторождении на Памире
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста