Дар Маскави Нав назди Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати «Сахарово» ба гумони даст доштан дар муноқишаи оммавӣ рӯзи 22 май садҳо муҳоҷирон боздошт шуданд.
Ҳомии ҳуқуқ Маринав Павлова ба «Новая газета» дар ин робита гуфтааст, боздоштшудагонро бо се автобус бурдаанд, ки дар ҳар кадомаш 50-нафарӣ муҳоҷирон буданд. Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон изҳор кардаанд, ки дар ҳеҷ як занозание иштирок накарда, аз он ҳатто огаҳӣ надоранд ва ба марказ барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳояшон омадаанд.
«Яке аз боздоштшудагон, шаҳрванди Украина Қандил Ҳамдамов изҳор доштааст, ки муҳоҷиронро дар баромадгоҳ боздошт намуда, миёни онҳо ягон нафар бо аломатҳои иштиргок дар занозанӣ ҳузур надорад», - саҳеҳ кардааст Павлова.
Навбатдори шуъбае, ки шаҳрвандони хориҷиро ба он ҷо овардаанд, иттилоъ додааст, ки боздоштшудагонро ба шуъбаҳои гуногун бурда истодаанд. Дар ду шуъба хабар додаанд, ки 30 нафарро наздашон овардаанд, илова кардааст ҳомии ҳуқуқ.
«Шумори боздоштшудагонро алҳол мо дақиқ намедонем. Дар шуъба изҳор доштанд, ки раҳбарияти Раёсти корҳои дохилӣ дар маҳалли ҳодиса ба боздошти шаҳрвнадони хориҷӣ супориш додааст», - иброз доштааст ӯ ва аз қавли шоҳидон илова кардааст, ки занозанӣ миёни таксиронҳои маҳаллӣ рух додааст.
Дар ҳамин ҳол, «Эхо Москвы» хабар медиҳад, ки шояд Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) ба маълумоти шоҳидон дар бораи муноқиша байни таксиронҳои маҳаллӣ каме дуртар аз марказ ба ин амал даст задааст.
Ғайр аз ин, зикр мегардад, ки шояд боздошт дар партави овозаҳо доир ба «поккорӣ», ки гӯё пулиси Маскав пеш аз Чемпинати ҷаҳон оид ба футбол-2018 мегузаронад, сурат гирифтааст.
«Новая газета» қайд мекунад, ки ҳомиёни ҳуқуқ афзоиши ҳодисаҳои боздошти муҳоҷирон дар Русия ва ихроҷи онҳоро пеш аз Чемпионат пешгӯӣ мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Интернет в Таджикистане станет дешевле? Глава Службы связи пообещал на 20% увеличить объем мобильных интернет-пакетов
Урегулирование пограничных вопросов между Таджикистаном и Кыргызстаном – уникальный пример в современном мире
В Турсунзаде появилась зеленая «Аллея пятнадцатилетия Sardor»
Афиша от «Азия-Плюс»: «От Навруза до Навруза», ярмарка ремёсел и Детков в Душанбе
Спикер парламента Казахстана раскритиковал годы правления Назарбаева
«Лига женщин-юристов Таджикистана»: подготовка квалифицированных судей – залог справедливого правосудия
Файзали Идизода: кто он – новый спикер нижней палаты парламента Таджикистана?
На работу с уМОМ. Как таджикистанцам избежать мошенничества при поиске работы в Европе?
В Wildberries рассказали, какие товары больше всего заказывали к празднику Навруз
В Душанбе арестовали 24-летнего парня по обвинению в интимных отношениях с несовершеннолетними
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста