Муҳлати ҳабси гумонбар ба қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ду моҳ дароз карда шуд. Муддати се моҳ коршиносон вазъи равониву рӯҳии Александ Сёминро дақиқан муайян карда наметавонанд.
“Онҳо хулосаи ниҳоӣ надоданд, чунки вазъи ӯро коршиносон ҳамчун озурдагиву парешонхотирии рӯҳии муваққатӣ арзёбӣ карданд. Лекин ин маънои онро надорад, ки ӯ рӯҳан солим аст, бинобар ин, ӯро ба ташсхиси такрорӣ мефиристанд. Коршиносон ваъда доданд, ки аввал ӯро аз чунин вазъ раҳо карда, сипас ташхиси такрорӣ мегузаронанд”, - хабар додааст Олга Устюжанина, адвокати оилаи Ҳувайдо.
“Ӯ худро бемор вонамуд мекунад. Рафторҳои ӯ баъди куштор гувоҳи онанд, ки марди комилан солимақл аст. Ҳамон рӯз ӯ ҳодисаи кушторро пинҳон нигоҳ дошт, ба ҳамсояҳо хабар дод, ки духтарчаро надидааст, ба несту нобуд кардани далелу ваҷҳҳо кӯшиш карда, онҳоро мехост аз хона бароварда, ба замин гӯр кунад. Ҳамаи ин амалҳо шаҳодат медиҳанд, ки ӯ солимақл аст”, - гуфтааст Олга Устюжанина.
Бино ба гуфтаи ӯ, Александр Сёмин дар панҷ ҳолат – се ҳолат дар парвандаи Ҳувайдо ва ду ҳолати дигар айбдор карда мешавад.
“Ӯ дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаҳои “Одамкушӣ” (моддаи 105 КҶ ФР), “Таҷовуз ба номус” (моддаи 131 КҶ ФР), “Амалҳои зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ” (моддаи 132 КҶ ФР), “Рафтори бадахлоқона” (моддаи 135 КҶ ФР) гумонбар дониста мешавад. Мо барои ворид кардани моддаи 126 КҶ ФР “Рабудани одам” низ дархост навиштем, лекин суд ҳоло онро қабул накардааст”, - иброз доштааст адвокат.
Ҳимоягари оилаи ҷабрдида Олга Устюжанина ҳамчунин илова кардааст, ки гумонбар Александр Сёмин аз ҷазо халос шуда наметавонад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи сентябр суди шаҳри Серпуховои вилояти Маскав муҳлати ҳабси гумонбар Александ Сёминро ба қатли духтари тоҷик Ҳувайдо ба муддати як моҳи дигар – то 22 октябр дароз карда буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.