Донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Рустам Файзиеви 21-сола ва ҳаммаслаки ӯ сокини 35-солаи пойтахт Ҳувайдо Садиров ба гумони даст доштан дар роҳзанӣ дастгир шуданд.
Онҳо бо истифода аз ниқоб ва дастгоҳи электрошок ба ғорати сокинони шаҳр машғул буданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
“Охири моҳи ноябр онҳо бо ниқоб дар рӯяшон бо дастгоҳи электрошок мусаллаҳ гардида, ба манзили Гулнора Чекушина ворид мешаванд ва сипас шавҳару духтарашро лату кӯб карда, ҳамзамон бо скотч пойҳояшонро бастаанд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, гумонбаршудагон баҳри дарёфти маблағи пулӣ манзили истиқоматиро кофтуков намуда, аз онҷо 1200-сомонӣ маблағи пулӣ ва як миқдор ҷавоҳироти биҷутериро рабудаанд, ки бо ин амалашон ба ҷабрдидагон дар баробари зарари ҷисмониву маънавӣ расонидан, ба маблағи 1600-сомонӣ зарари пулӣ низ расонидаанд.
Қайд мешавад, ки шахсияти ғоратгарон аз ҷониби кормандони милитсия дар як фурсати кӯтоҳ муайян карда шудааст. Айни ҳол нисбати амали онҳо мутобиқи моддаи 249 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ба гумони даст доштан ба роҳзанӣ кормандони милитсия ҳамчунин 2 сокини пойтахт – мардони 29 ва 33-соларо боздошт намудаанд, ки санаи 8 декабр ба манзили сокини кӯчаи Раҳимови пойтахт ворид шуда, пирамарди 82-соларо лату кӯб ва 2 ҳазору 600 сомониии ӯро бо худ бурдаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Пять мест для весеннего пикника в Душанбе и около столицы
"Эй, джони ман". Как Полад Бюльбюль-оглы и Орифшо Орифов дали концерт в Таджикистане
В какие университеты Китая могут поступить граждане Таджикистана?
Кто, как и чем помогает таджикистанцам в России?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 мая 2024 года
«Россия», «Виктория», «Альбион»: Какую клубнику стали выращивать в Таджикистане и почему ее можно есть без опасений?
Саидджафар Усмонзода покинул пост главы Демократической партии Таджикистана
Путин утвердил структуру нового правительства. В нем нет поста вице-премьера
Как коллекционер из Худжанда сумел сохранить наследие предков
ТОП-5 мест в Узбекистане для тех, кто любит экстремальные развлечения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста