Суди гарнизони ҳарбии Душанбе сарбози қатории қисми низомии 0113-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ҳабибулло Ойевро ба як соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз суди мазкур хабар доданд.
Ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 373 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) айбдор дониста шуд.
Ҳабибулло Ойев дар қаламрави ноҳияи Лахш, дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон адои хизмат мекард.
Аз ҷониби суд бо ваҷҳу далелҳо собит шудааст, ки ӯ сержант Ҳаким Абдурасулов ва сарбози қаторӣ Русланҷон Дӯстовро лату кӯб мекардааст, ки дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Сарбози маҳкумшуда муҳлати адои ҷазоро дар қисми низомии интизомӣ паси сар мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как изменились цены на продукты питания в Таджикистане по сравнению с январем 2024 года
Почему таджикские футболисты за рубежом отказываются играть за сборную Таджикистана?
Кремль: Путин открыт к встрече с Трампом
"Талибан" требует от Запада уплаты репараций за 20 лет войны в Афганистане
Центральная Азия для США - не приоритет
Узбекистан с 2027 года может запретить пластиковые пакеты
«Безусловное освобождение»: Суд приговорил Трампа по делу Сторми Дэниэлс
США ввели санкции против российского нефтегазового сектора: "Газпром нефть - Таджикистан" в списке
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Большие планы на цифровизацию, проектирование метро и два года без проверок
Главред кулябского еженедельника «Пайк» приговорен к 10 годам лишения свободы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста