Ду сарбози қисми низомии 0121 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон барои лату кӯби доимии ҳамхизматон маҳкум шуданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди гарнизони Душанбе хабар доданд, сарбозон Мустафо Ғаффоров аз ноҳияи Рашт ва Абдусамеъ Ҳомидов аз ноҳияи Бобҷон Ғафуров тирамоҳи соли 2017 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, аз охири соли 2018 ба лату кӯби доимии наваскарон роҳ медодаанд.
Бино ба иттилои манбаъ ҳамаи ҷароҳатҳои бардоштаи наваскарон аз ин лату кӯбҳо бо ташхисҳои судиву тиббӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудааст.
Нисбати Ғаффоров ва Ҳомидов моҳи январи соли ҷорӣ мутобиқи моддаҳои 373 (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва 391 (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият)-и КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Бо ҳукми суди гарнизони Душанбе М.Ғаффоров ба 2,6 сол ва А.Ҳомидов ба 1,6 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда, муҳлати ҷазоро дар яке аз баталйонҳои интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон адо мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.