Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кабир Кабировро ба 8,6 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Кабиров писари молики бозори “Султони Кабир” - Авазхон Кабиров мебошад.
Суд Кабировро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) гунаҳкор эътироф намуд.
Бино ба гуфтаи як манбаъ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, қарори суд дар ин бора ҳафтаи гузашта содир шуда, лекин ҳоло ҳукми қонунӣ нагирифтааст.
“Яъне ҳимоягарони маҳкумшуда метавонанд ба зинаи таҷдиди назар аз болои ҳукми содиршуда шикоят баранд”, - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр шуд, ки айни замон Кабиров дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Душанбе қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки шаби 23 март Кабир Кабирови 19-сола, писари молики бозори “Султони Кабир” дар Душанбе Аваз Кабиров, зимни идораи автомашинаи “Лексус-450” дар хиёбони Рӯдакӣ, дар маркази пойтахт ба садама дучор шуда, дар натиҷа ду муофири автомашина – Саидҷаъфар Саидови 19-сола ва Некзода Саҳобиддинзодаи 19-сола ҳалок шуданд. Мусофири сеюм - Саидвалӣ Убайдуллоев низ ҷароҳати вазнин бардошт.
Ронанда ба зиёд шудани суръати аз меъёр баланд роҳ дода, автомашина нахуст ба панҷараи бетонии назди бинои парлумон ва сипас ба симчӯб бармехӯрад.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Кабировро дар роҳ додан ба қоидавайронункунӣ зимни ҳаракат дар роҳ (қ. 3, моддаи 212 КҶ ҶТ) айбдор дониста, далели маст будани ӯ ҳангоми садама ва рух додани ҳодисаро бар асари мусобиқаи пойгаи автомашинаҳо рад кард.
“Ба воситаи камераҳои “Шаҳри бехатар” мо муайян кардем, ки то рух додани ҳодиса ӯ ба қонуншикание роҳ надода, дар чароғакҳо мошинро бозмедошт. Фарзияи дар ҳолати мастӣ аз машрубот будани ӯ низ тасдиқ нашуд”, - хабар дода буд он замон манбаъ.
Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи курси 1-уми факултаи муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Операторов связи Таджикистана предупредили: из-за плохой связи их либо оштрафуют, либо лишат лицензии
Банк России на фоне падения рубля отказался продавать валюту до конца года
Все-таки сыграем с Россией? Сборная Таджикистана может это сделать в 2025 году
К 2037 году Таджикистан хотят превратить в «зелёную страну». Что для этого собираются предпринять?
Путин поблагодарил Токаева за развитие русского языка в Казахстане. О чем договорились лидеры?
Эмомали Рахмон улетел на саммит ОДКБ в Астану
В Узбекистане опыт старейшин используют в борьбе с бедностью
Трамп выдвинул Келлога на должность спецпосланника по Украине и России. Кто он?
Минтранс: Дано "добро" грузоперевозчикам на пересечение границы с Китаем
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста