Муфаттиши КДАМ ҶТ пас аз нисфирӯзии 30-юми январ адвокат Абдураҳмон Шарифовро, ки аз ҷониби Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон таъмин шудааст, барои вохӯрӣ бо зерҳимояаш даъват кард. Ташкилоти ҷамъиятии мазкур узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳимоятгар Абдураҳмон Шарифов ордер ва муроҷиаташро ба КДАМ ҶТ дирӯз супорида буд. Тибқи расмиёти мурофиавӣ, адвокат пас аз гирифтани иҷозаи мақомот бо рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик Далер Шарифов вохӯрда, бо маводи ҷамъовардаи тафтишот шинос мешавад.
- Далер Шарифовро ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бурданд, - хабар дод ба “Азия-Плюс” имрӯз баъд аз зуҳр сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Шоира Давлатова. Вай афзуд, ки ин марказ барои дифоъи ҳуқуқи рӯзноманигори тоҷик боз як ҳимоятгар – Гулгуна Шозодаеваро таъмин кардааст.
Тибқи моддаи 92-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ (Дастгир кардан дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят), шахсро бо асосҳои ҷойдошта аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин муҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда ё дар ҳаққи ӯ чораи дигари пешгирии дар Кодекси мазкур пешбинишуда татбиқ карда шавад. Оғози муҳлати дастгиршавии шахс лаҳзаи воқеан дастгир кардани ӯ ҳисоб карда мешавад.
Ҳамчунин шоми 29-уми январ Абдуманнон Шарифов, падари рӯзноманигор бо писараш дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳолати Далер хуб буда, ба ӯ ягон фишор наовардаанд.
Падари рӯзноманигор ба “Азия-Плюс” гуфт: “Далерро дидам, суҳбат кардем. Саломатиаш хуб аст. Шиканҷа нашудааст. Тафтишот ҷараён дорад”.
Вай афзуд, кай раҳо шудани Далер алҳол маълум нест ва як муфаттиши КДАМ ба ӯ гуфтааст: “3 рӯз бозпурсӣ мекунем”.
“Ҳоло дар бораи китобҳои ӯ пурсида истодаанд. Китобчаҳое, ки худаш навишта буд, ҳамонҳоро кофта, таҳлилу тафтиш карда истодаанд, ки чӣ гап аст. Мо ҳозир дар назди бинои КДАМ истодаем, ки ягон гапу хабар шавад, ягон чиз даркор бошад, дастрасаш кунем”, - илова кард падари Далер.
Ёдовар мешавем, Далер Шарифовро 28-уми январ кормандони шуъбаи КДАМ-и ноҳияи Шоҳмансур барои бозпурсӣ даъват карданд. Дирӯз пас аз соати 11:00 ӯ барои идомаи бозпурсӣ ба бинои марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интиқол дода шуд. Далер бо гузашти 2 шабонарӯз то ҳол раҳо нашудааст.
Далер Шарифов собиқ муаллиф ва ровии намоиши “Муошират” дар телевизиони “Сафина” буд. Ӯ солҳои охир расман дар ягон ҷо кор намекард. Боздошти ӯ боиси нигаронии хешовандон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Высокая нагрузка в школе и мало поддержки в семье. В ВОЗ обратили внимание на трудности подростков в ЦА
«Мигрант Медиа»: В Душанбе задержали граждан Туркменистана с поддельными паспортами
На что имеет право президент Таджикистана, и какие обязательства у него есть перед народом
Таджикского актера в Москве приговорили к 14 годам колонии по обвинению в шпионаже
Где и как в Душанбе зарядить электромобиль?
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Спасение ледников, горячее питание на борту, пауза на китайские товары и медальный дождь
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 ноября 2024 года
Новый прямой авиамаршрут Душанбе – Доха: Катар стал ближе без виз для граждан Таджикистана
Открытие таджикского химика из Канады украсило обложку престижного научного журнала
Транспортно-логистический форум в Душанбе наметил пути сотрудничества между ведущими таджикскими компаниями
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста