Милитсияи пойтахт дар доираи амалиёти шартии «Корд» як сарчашмаи паҳнкунандаи чунин ашёро муайяну боздошт кардааст.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, ин нафар шаҳрванд Дидор Слезен, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Наврӯз мебошад, ки бо мақсади хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла, корд машғул будааст.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид карда, мефурӯхтааст. Дар ҷараёни амалиёт аз ӯ миқдори зиёди силоҳи сард, аз ҷумла, 2 дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус дарёфту мусодира шуданд.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба ӯ барои фурӯши ғайриқонунии силоҳи сард протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни ҶТ «Дар бораи силоҳ», дар қаламрави Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как Душанбе готовится к встрече Навруза?
«Душанбе Сити Банк» стал официальным спонсором ФК «Душанбе»
В Узбекистане введут экспортные пошлины на 86 видов товаров
Трамп анонсировал телефонный разговор с Путиным
«Лучший молодой предприниматель в сфере IT»: как необычные идеи приводят к успеху
10% кешбэка за все покупки: оплачивайте картой Visa от «Алифа» через Google Pay
В России «Паспортно-визовый сервис» увеличил часы приема желающих легализоваться мигрантов
В Казахстане арестовали 38-летнего мужчину за брак с несовершеннолетней девочкой
Экс-президенту Грузии Саакашвили добавили срок заключения
В Таджикистане с 1 апреля вырастут тарифы на электроэнергию. Насколько?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста