Дар Ҳисор ба номуси духтари 12-сола таҷовуз шуда, ӯ кӯдак таваллуд кард. Волидони духтар мегӯянд, то дар ВАО расонаӣ шудани ин қазия, муроҷиатҳои чандинкаратаи онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ношунида монда буданд. Хабарнигорони “Азия-Плюс” ба маҳалли ҳодиса рафта, бо худи духтар ва хешовандони ӯ суҳбат карданд.
Ба гуфтаи духтари ҷабрдида, 9 августи соли 2019 хешашон (писари тағо) Ҳуснӣ Абдуллоев ӯро дар назди говхона бо зарба беҳуш карда, ба номусаш дастдарозӣ ва таҳдид кардааст, ки агар ба касе ин корро гӯяд, мекушад.
“Ӯ боз чандин маротиба омада, маро бо таҳдид ба ин кор маҷбур мекард. Вақте гуфтам, ки ҳомиладор шудаам, ба ман ҳабҳо (таблетка) овард, то ки исқоти ҳамл намоям, вале ман онҳоро истеъмол намекардам. Бибиам аз аҳволи ман нигарон ва мепурсид, ки чӣ шудааст, лекин аз тарси Абулллоев чизе гуфта наметавонистам”, - изҳор дошт вай.
Бибии духтар Анор Зарипова мегӯяд, баъди огаҳӣ ёфтан аз ҳомиладории духтар ва гунаҳкори ин ҳодиса, онҳо ба шуъбаи маҳалли милитсия, шуъбаи тафтишоти ВКД ва прокуратураи Ҳисор муроҷиат намуда, лекин касе ба шикояташон расидагӣ накардааст.
Ба гуфтаи амаки духтар, Ҳуснӣ Абдуллоев бо як шиносаш ба онҳо 10 ҳазор сомонӣ пешниҳод кардааст, то ки аризаашонро бозпас гиранд, лекин онҳо рад кардаанд. Ғайр аз ин, Абдуллоев ба воситаи одамони худ ба онҳо таҳдид мекардааст.
“Ҳуснӣ Абдуллоев хешамон буда, пули зиёд дорад ва бо соҳибкорони Чин тиҷорат мекунад. Мегӯянд, ӯ шасхонеро, ки тафтишот мебурданд, харидааст ва аз ин рӯ, ба арзи мо касе гӯш намедиҳад. Баъдан мо маҷбур шудем, ки ба Прокуратураи генералӣ, ВКД ҷумҳурӣ ва аҳли ҷомеа муроҷиат кунем. Танҳо баъди ин моро ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии ҷумҳурӣ барои додани баёнот даъват карданд”, - гуфт дар идома тағои духтар.
Айни замон парванда ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи шаҳри Ҳисор дода шудааст. Ба гуфтаи муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев, гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст. Гуфтаҳои ӯро хешовандони духтар низ тасиқ карданд.
“Умедворем, ки ба ҳар ҳол адолат тантана карда, ба гунаҳкор ҷазои сазовор дода мешавад”, - гуфт модари духтар Санифа Абдуллоева.
Котиби прокурори шаҳри Ҳисор Паҳлавон Сатторов моро ба прокуратура даъват кард, лекин вақте ки мо ба он ҷо ҳозир шудем, посбон ба ворид шавии мо монеъ шуда, изҳор намуд, ки “котиб бо прокурор субҳи имрӯз барои супурдани ҳисобот ба Прокуратураи генералӣ рафтаанд ва аз ин рӯ, пагоҳ боз оем”.
Пас аз ин мо беш аз 20 маротиба ба Паҳлавон Сатторов занг задем, лекин ӯ гӯшии телефонро дигар набардошт.
Саволҳои зерини мо беҷавоб монданд: чаро барои оғози парванда дар бораи таҷовуз ба номус ба милитсия ва прокуратураи маҳаллӣ якчанд моҳ лозим шудааст ва ҳамчунин оё кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар аввал аризаи хешону наздикони духтарро қабул накардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?
PS: Дар ҳамин ҳол, пас аз вохӯрии мо шаби 3 ба 4 июл шахсони номаълум ба хонаи оилаи духтари ҷабрдида ҳамла карда, онро сангборон кардаанд, ки дар натиҷа тирезаҳои хона ва шишаи мошин шикастааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.