Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» аз соли 2016 то моҳи ноябри соли равон ба 72 ҳазору 856 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии ройгон расонидааст. Дар ин муддат аксаран шаҳрвандони камбизоат барои ҳалли мушкилоти худ ба ҳуқуқшиносони давлатӣ муроҷиат кардаанд.
Ин фаъолияти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ зимни амалисозии Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Оғози роҳ
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2015, №327 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ шуда буд. Мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Банди 7-и Барнома ва банди 5-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи мазкур таҳия ва қабули Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ ва манзури пешниҳодот вобаста ба такмили қонунгузории ёрии ҳуқуқиро пешбинӣ карда буданд.
Дар заминаи Барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №425 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.
Мақсаду вазифаҳо
Мақсади Консепсия ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.
Вазифаҳои Консепсия ба ҳалли масъалаҳои зерин равона шудаанд:
- ташкил намудани низоми ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа бо роҳи ҷорӣ кардани намунаҳои (моделҳои) гуногун;
- муайян кардани маблағгузории зарурии намунаҳои (моделҳои) гуногуни ҷоришудае, ки дар Консепсияи мазкур пешниҳод шудаанд;
- ташкил додани низоми самараноки мутобиқат ва назорати сифати ҷараёни расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон;
- муайян кардани доираи субъектҳое, ки ёрии ҳуқуқии ройгонро мерасонанд;
- муайян кардани гурӯҳи шахсоне, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷаро доранд;
- аз рӯйи натиҷаҳои татбиқи намунаҳо (моделҳо) оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”, инчунин мутобиқ кардани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини фаъолияти низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон бо назардошти таҷрибаи намунаҳои (моделҳои) ҷоришаванда ва маблағгузории сарфшуда.
Марҳилаҳои татбиқ
Муҳлати амалисозии Консепсияи мазкур 8 сол буда, аз марҳилаҳои зерин иборат мебошад:
а) давраи татбиқи озмоишӣ 3 сол буд. Дар ин давра амалӣ кардани намунаҳои (моделҳои) гуногуни ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ба нақша гирифта шуд. Барои маблағгузории татбиқи намунаҳо (моделҳо) оид ба ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа, маблағҳои ташкилотҳои ёрирасон ба андозаи 90% аз маблағи умумии хароҷот ҷалб карда шуд. Саҳми давлат ба андозаи 10% дар шакли пешниҳоди ҷой, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, пешниҳоди махзани меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳармоҳа нав кардани он муайян гардид. Саҳми ташкилотҳои кумакрасон ҷудо кардани воситаҳои пулӣ барои пардохти музди меҳнати кормандон, хароҷоти алоқа, хариди техникаи ташкилӣ ва лавозимоти хатнависӣ, таъмини маводи методӣ, реклама ва таълимотро дар бар мегирад.
Ба ғайр аз ин, дар давоми давраи озмоишӣ ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа заруранд, таҳия мешаванд. Барои ҳисоб кардани хароҷот ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа зарур аст, ки дар давраи татбиқи озмоишӣ ҳисоббарориҳои зерин ба роҳ монда шаванд:
- хароҷоти вақти адвокат ҳангоми ҳимояи шахс дар марҳилаҳои тафтишот ва суд;
- шумораи шахсоне, ки мувофиқи методикаи таҳияшуда барои дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа ҳуқуқ доранд;
- хароҷоти молиявӣ доир ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа.
Барои маблағгузории намунаҳои ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа ҷалб кардани кумакҳои молиявӣ бо назардошти маблағгузории муштараки ташкилотҳои кумакрасон ва буҷети давлатӣ (дар марҳилаи ибтидоӣ 10 фоизи хароҷот ҳамчун саҳми давлат ва 90 дарсади он саҳми ташкилотҳои кумакрасон) ба нақша гирифта шудааст.
б) давраи гузариш барои 5 сол ҳисоб карда шудааст, ки дар давоми он ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа татбиқ гардида, саҳми давлат дар маблағгузории хароҷот тадриҷан меафзояд.
Мувофиқи натиҷаҳои татбиқ ва ворид кардани намунаҳои (моделҳои) ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа дар солҳои оянда, маблағгузории фаъолияти он аз ҷониби давлат ҳар сол ба андозаи 20 дарсад афзуда, минбаъд 100 фоизи хароҷот доир ба фаъолияти ин низом аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон пешниҳоди ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дигар низ мумкин аст.
Масъулони амалисозӣ
Барои татбиқи Консепсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №704 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байнулмилалӣ – Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Филиали Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия дастгирӣ карда мешавад.
Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади таҷрибакунии моделҳо ва ташкили бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, муайян кардани модели самаранок ва камхарҷтар оид ба ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа, инчунин муқаррар кардани механизми муносиб барои расонидани ёрии ҳуқуқии ихтисосноки дуюмдараҷа аз ҷониби адвокатҳо таъсис дода шудааст.
Ҷиҳати амалисозии фаъолияте, ки бо роҳи таҷрибакунии моделҳои дар Консепсия пешбинишуда ба ташаккули низоми ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа мусоидат мекунад, барои интихоби шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ маҳакҳои умумӣ (шумораи сокинон, ҳудуди шаҳру ноҳия, зичии аҳолӣ) истифода шудаанд.
Бо истифода аз маҳакҳои мазкур барои таҷрибакунии Консепсия, бо назардошти давраҳои таҷрибавӣ ва гузариш шаҳру ноҳияҳои зерин интихоб карда шуданд:
- 6-то дар соли 2016 – шаҳрҳои Ваҳдат, Панҷакент ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Восеъ, Деваштич, Ҷайҳун;
- 6-то дар соли 2017 – шаҳрҳои Хоруғ, Конибодом ва ноҳияҳои Ёвон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Шаҳринав;
- 6-то дар соли 2018 – шаҳри Исфара ва ноҳияҳои Ашт, Дӯстӣ, Нуробод, Ҷалолиддини Балхӣ, Тоҷикобод;
- 7-то дар соли 2019 – шаҳрҳои Турсунзода, Истаравшан ва ноҳияҳои Данғара, Қубодиён, Муъминобод, Рашт, Ховалинг;
- 9-то дар соли 2020 – шаҳрҳои Душанбе, Гулистон, Хуҷанд, Ҳисор ва ноҳияҳои Айнӣ, Ванҷ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Рӯдакӣ, Файзобод.
Айни замон 37 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар 34 шаҳру ноҳия фаъолият доранд. Тибқи нақша, то охири соли 2023 дар 34 шаҳру ноҳияи боқимондаи кишвар фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатӣ ба роҳ монда шуда, тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа фаро гирифта мешавад.
Қабули қонуни соҳавӣ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” 4-уми июли соли 2020 қабул карда шуда, айни замон дар асоси он ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон расонида мешавад.
Тибқи муқаррароти қонуни мазкур, ёрии ҳуқуқии якумдараҷа дар намудҳои зерин расонида мешавад:
- пешниҳоди иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла, бо роҳи гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр;
- пешниҳоди маслиҳат ва фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ;
- тартиб додани ариза, шикоят ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ;
- иттилоъ додан оид ба имконияти ҳалли тосудии баҳсҳои ҳуқуқӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фиристодани муроҷиаткунанда ба муассисаҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ;
- паҳн кардани иттилооти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ;
- ёрӣ расонидан ба шахсон ҷиҳати дастрасӣ ёфтан ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа;
- намудҳои дигари ёрии ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Дар хусуси ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бояд гуфт, ки он аз оғози фаъолият то имрӯз танҳо дар ҷараёни парвандаҳои ҷиноятӣ расонида шудааст. Аммо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” дарҷ гардидааст, ки ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ ҳам расонида мешавад. Зимнан қонунгузор муқаррар кардааст, ки расонидани ин ду намуди ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз 1-уми январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шаванд.
Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ дар намудҳои зерин расонида мешавад:
- иттилоотонии ҳуқуқӣ;
- додани маслиҳат ва фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ;
- фаҳмондадиҳӣ ва истифодаи чораҳои ҳалли тосудии парвандаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиб додани ариза, шикоят, ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти мурофиавӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқӣ;
- иштирок ва ҳимоя дар парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва намояндагӣ дар парвандаҳои гражданӣ.
Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа
Дар солҳои 2016, 2017, 2018, 2019 ва то 31-уми октябри соли 2020 ба ҳуқуқшиносони давлатии шаҳру ноҳияҳо 33074 шаҳрванд муроҷиат карда, ба онҳо ёрии ҳуқуқии ройгон пешниҳод шудааст.
Аз ин теъдод 19590 зан ва 13484 мард буда, аз шумораи умумӣ 1238 нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд.
Дар давраи мазкур барои ёрии ҳуқуқии якумдараҷа шаҳрвандони синну соли зерин муроҷиат кардаанд:
то 17-сола – 648 нафар;
аз 18 то 29-сола – 9882 нафар;
аз 30 то 44-сола – 11880 нафар;
аз 45 то 64-сола – 9054 нафар;
аз 65-сола калонтар – 1610 нафар.
Ҳамзамон ба ҳуқуқшиносони давлатӣ барои гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон намояндагони гурӯҳҳои иҷтимоии зерин муроҷиат кардаанд:
Дар ин муддат пешниҳоди ёрии ҳуқуқии якумдараҷа аз рӯйи тақсимоти минтақавӣ чунин сурат пазируфтааст:
Вилояти Суғд – 17074;
Вилояти Хатлон – 10058;
Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – 5248;
ВМКБ – 694.
Зимнан сокинони шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон бо мушкилоти зерин ба ҳуқуқшиносони давлатӣ барои гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон муроҷиат кардаанд:
Маълумоти омории диаграммаҳо аз низоми идоракунии парвандаҳои ҳуқуқшиносон гирифта шуда, фарогири солҳои 2016, 2017, 2018, 2019 ва то 31-уми октябри соли 2020 мебошад.
Ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр
Ҳуқуқшиносони давлатӣ дар солҳои 2016, 2017, 2018, 2019 ва то 31-уми октябри соли 2020 мутобиқи нақшаи тасдиқшуда ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр дар мавзӯъҳои муносибатҳои оилавӣ, ҳуқуқ ба мерос, пешгирии зуроварӣ дар оила, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон, танзими анъана ва ҷашну маросим, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд.
Умуман, дар давраи мазкур 749 ҷаласаи иттилоотию ҳуқуқии сайёр бо иштироки 18472 нафар баргузор шудааст. Аз ин теъдод 10139 зан ва 8333 мард буда, аз шумораи умумӣ 136 нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд. Ҳамчунин ба 1046 нафари дигар машваратҳои ройгони баъд аз ҷаласаи сайёр пешниҳод шудаанд.
Ҳамкорӣ бо ёрдамчиёни ҷамъиятӣ
Фаъолияти ёрдамчиёни ҷамъиятӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” пешбинӣ карда шудааст.
Ҳуқуқшиносони давлатии шаҳру ноҳияҳо барои расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ба аҳолӣ бояд аз ҳисоби шахсоне, ки дар байни мардум обрӯйи хоса доранд, ёрдамчиёни ҷамъиятиро ҷалб намоянд. Дар рафти фаъолияти худ ҳуқуқшиносони давлатӣ омӯзонидани ёрдамчиёни ҷамъиятиро амалӣ мекунанд. Ёрдамчиёни ҷамъиятӣ ба шаҳрвандон танҳо иттилооти ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд.
Қобили зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» фаъолияти ёрдамчиёни ҷамъиятиро дар соли 2017 ба роҳ мондааст. Аз он замон то 31-уми октябри соли 2020 ёрдамчиёни ҷамъиятӣ ба 16933 кас иттилооти ҳуқуқӣ расонидаанд. Аз ин теъдод 9822 зан ва 7111 мард буда, аз шумораи умумӣ 586 нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд.
Дар умум таҳлили Консепсия нишон медиҳад, ки тӯли солҳои 2016, 2017, 2018, 2019 ва то 31-уми октябри соли 2020 бо расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ, гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр, пешниҳоди машваратҳои инфиродии баъд аз ҷаласаи сайёр, паҳн кардани иттилооти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ 69525 нафар шаҳрвандон фаро гирифта шудаанд. Аз ин теъдод 39969 зан ва 29556 мард буда, аз шумораи умумӣ 1960 нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд.
Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа
Таҷрибакунии ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» моҳи сентябри соли 2017 ба роҳ монда шудааст.
Мутобиқи Консепсия, таҷрибакунии ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз ду модел иборат аст. Таҷрибакунии модели якум ба зиммаи «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ва модели дуюм ба зиммаи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд.
Муассиса модели якумро дар 4 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд (шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва Иттифоқи адвокатҳо дар 4 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон (шаҳрҳои Бохтар, Левакант, Кушониён ва ноҳияи Вахш) то охири соли 2018 таҷриба карданд.
Аз аввали соли 2019 таҷрибакунии ду модели ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо фарогирии тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоёти Суғду Хатлон пурра ба зиммаи «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» вогузор шудааст.
Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа айни замон танҳо дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ пешниҳод мешавад.
Дар сурати воқеан дастгир шудани шахс, татбиқи чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан, оғози парвандаи ҷиноятӣ, баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ, ҳамчунин бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ба маркази ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ҷиҳати сафарбар кардани адвокат бояд тавассути телефон дархост намояд.
Маркази ҳамоҳангсозӣ пас аз қабули дархост маълумоти аввалияро ба низоми худкори иттилоотӣ фавран ворид месозад. Сипас бо адвокате, ки ӯро низоми худкори иттилоотӣ муайян кардааст, дар тамос шуда, барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ӯро сафарбар мекунад.
Аз моҳи сентябри соли 2017 то 31-уми октябри соли 2020 ба маркази ҳамоҳангсозӣ 3331 дархост ворид шудааст. Аз ин теъдод 2919 мард ва 412 зан буда, аз шумораи умумии дархостҳо 25 нафарашон марбут ба шахсони дорои маъюбият мебошанд.
Умуман, дар ҷараёни амалисозии Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 то 31-уми октябри соли 2020 ба 72856 нафар шаҳрвандон ёрии ҳуқуқии якумдараҷа (бо шумули хизматрасонии ройгони ҳуқуқшиносони давлатӣ, гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр, машваратҳои инфиродии баъд аз ҷаласаи сайёр, паҳн кардани иттилооти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ) ва дуюмдараҷа пешниҳод шудааст. Аз ин теъдод 40381 зан ва 32475 мард буда, аз шумораи умумӣ 1985 нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд.
Ин мақола аз сомонаи Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» – www.salac.tj бознашр шудааст.
Ужесточите наказание! Почему в Таджикистане нет культуры вождения?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 ноября 2024 года
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Что изменится в отношении США к Центральной Азии с приходом Дональда Трампа?
Путин объявил о серийном производстве баллистической ракеты «Орешник»
В Таджикистане стартует акция "Техосмотр". МВД разъясняет ее правила и цели
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста