Суди олии музофоти Дюсселдорф рӯзи сешанбе, 26 январ зодаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” ба 7 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад Deutsche Welle.
Бино ба маълумоти тафтишот, марди 31-сола содир намудани амалҳои террористиро дар Олмон ва Албания ҳамроҳ бо гурӯҳи террористӣ, ки ба он зодагони Тоҷикистон низ шомиланд, тарҳрезӣ карда буд.
Аз ҷумла ӯро дар иштирок ба суиқасди куштори сокини Нойс Амир Арабпур, ки аз дини ислом ба насронӣ гузашта буд ва дар шабакаи YouTube-и худ мусалмононро танқид мекард, айбдор донистанд. Инчунин нақшаҳои иштирок дар куштори тоҷире аз Албания бо мақсади маблағгузорӣ ба фаъолияти Давлати исломӣ низ аз ҷумлаи айбномаҳо буданд.
Айбдоршаванда қисман гуноҳи худро эътироф намуда, каме пештар аз содир шудани ҳукм иқрор шуд, ки “аз кори кардааш хеле пушаймон аст”. Прокуратура ҷазои 8,5 соли зиндонро талаб карда буд.
Дар ин мавод ному насаби маҳкумшуда зикр намегардад.
Ёдрас мекунем, ки 15 апрели соли гузашта чор нафар исломгароён аз Тоҷикистон дар маҳалҳои гуногуни Рейн-Вестфалии Шимолии Олмон боздошт шуданд.
Онҳо бо сарварии роҳбари эҳтимолии гурӯҳ Равшан Б. аз номи созмони террористии Давлати исломӣ” (ДОИШ) баргузории ҳамлаҳоро дар Олмон тарҳрезӣ карда будаанд.
Мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба Равшан Б. нимаи моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардид.
Рӯзи 29 апрел ҳукумати Албания дар ҳамдастӣ бо Интерпол шаҳрванди Тоҷикистон - Комрон Зуҳуровро боздошт намуд, ки ӯро дар Олмон ба даст доштан дар омодакунии амалҳои террористӣ ва узвият ба гурӯҳи фаъолияташ мамнуи “Давлати исломӣ” гумонбар медонанд. Ӯро низ яке аз узви гурӯҳи Равшан Б. мешуморанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Я не ищу признания, я хочу передать знания». Камолуддину Абдуллаеву - 75 лет
СМИ: Россия и США уже несколько месяцев ведут тайные переговоры
В Китае вирусологи выявили у летучих мышей новый коронавирус
Власти возобновили расследование дела сотрудников "Агроинвестбанка" спустя три года
Банк «Эсхата» выбрал певца Фарруха Хасанова своим амбассадором в 2025 году
Как в таджикском селе, где нет электричества, жители используют энергию солнца
Агент Кова Тилавпур объяснил, почему игроки с таджикскими корнями из РФ не играют за сборную Таджикистана
Как выбрать автомобиль для девушки? Полный гид с советами эксперта
Замглавы Исфары оштрафован за продажу земли, но пока остается на своем посту – Агентство по борьбе с коррупцией Таджикистана
Аденома простаты, отсутствие эрекции и бесплодие: какие мужские болезни лечат в клинике «Евромед»?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста