Дар Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҷараёни амалиёти махсус зиёда аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетамин мусодира шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигаҳдории ин мавод сокини шаҳри Ҳисор Саидраҳмон Абдуғаффорзодаи 39-сола боздошт ва аз автомашинаи ӯ 983 грамм маводи нашъаовар дарёфт шудааст.
“Дар ҷараёни чорабиниҳои минбаъдаи фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ҳаммаслак ва ҳамдиёри ӯ - Ҳошимҷон Зокирови 43-сола боздошт шуда, аз ӯ 6 килову 210 грамм маводи психотропии метамфетамин дарёфт ва мусодира шуд”, - омадааст дар маълумоти маркази матбуоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, вазни умумии маводи нашъаовари мусодирагардида 7 килову 393 граммро ташкил медиҳад.
Боздоштшудагон ният доштаанд, ки “мол”-ашонро дар Душанбе фурӯшанд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Метамфетамин- яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, он намуди тағйирдодашудаи амфетамин мебошад, ки шиддатнокии қавитар ва зудтаъсиркунандаро нисбат ба дигар маводҳои нашъаовар дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.