22 декабр мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Русия баъди чор моҳ аз сар гирифта мешавад. Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона кушта шуда буд.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба «Азия-Плюс» гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 22 декабр баъд аз зуҳр (соати 14ба вақти Маскав.) дар додгоҳи вилояти Маскав оғоз мешавад.
Саидов ҳамчунин гуфт, ки баъди мавқуф гузоштани ҷаласаи додгоҳ чор моҳ пеш хеле руҳафтода гардида буд, вале имрӯз, ки ҳамсараш низ дар паҳлӯяш ҳаст, умед дорад, гунаҳгор сазои худро мегирад.
Падари хонадон мегӯяд, ки бо кӯмаки Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамсараш Нигина Саидоваро ба Русия фиристоданд ва ҳоло ҳар ду дар мурофиаи додгоҳ ширкат мекунанд.
Ӯ илова кард, онҳо умед доранд, ки фардо охирин мурофиаи додгоҳии қотили фарзандашон аст ва баъди ҳукм гирифтани қотил онҳо ба Тоҷикистон бармегарданд.
Бояд гуфт, ки бори охир 22 июн, мурофиаи додгоҳии қазияи Ҳувайдо Тиллозода дар Русия баргузор гардида буд, ки ҳеҷ натиҷа надод.
Хотиррасон мекунем, ки 22-юми июли соли 2018 аз қатлу таҷовузи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 3 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст.
Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.
Мурофиаи додгоҳӣ, борҳо ба далели ташхси вазъи равонии гумонбар дар ин ҷиноят ба таъхир уфтод ва ниҳояд соли гузашта ташхиси коршиносон таъйид кард, ки Сёмин аз нигоҳи равонӣ мушкил надорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
В Душанбе открыли новый ресторан «Додо Пицца»
Всемирный банк готов вложить $150 миллиардов в проекты по экологии
Где в Душанбе найти логопеда?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Жизель», вечер японских мотивов и гастротур к аметистовым шахтам
В Душанбе наградили лучших женщин-госслужащих
FORMULA55 продлила контракт с двукратной обладательницей Кубка мира по боксу Мижгоной Самадовой
В Исфаре сотрудники военкомата получили 40 тысяч сомони за поддельные военные билеты
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами при въезде в страну
Президент COP29 призвал радикально увеличить климатическое финансирование
Как исследовательница культуры из Таджикистана рассказывает миру о женской боли на войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста