Расо 3 сол мешавад, ки додгоҳи вилояти Маскав ба баррасии парвандаи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки гуфта мешавад, аз ҷониби Александр Сёмини 27-сола дар Серпухово таҷовуз ва кушта шуда буд, оғоз кард. Вале бо ин вуҷуд гумонбаршуда то ҳол дар боздоштгоҳ аст ва баррасии парванда ҳамоно мавқуф гузошта мешавад. Тасмим гирифтем, ки бори дигар ба қазия назар афканем ва омилҳои то ба ҳол ниҳоӣ нашудани онро пайдо кунем.
Таърихчаи ҳодиса
Ҳодиса рӯзи 22 июли соли 2018 замоне рӯх дод, ки Ҳувайдои ғурамарг дар назди хонаашон дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад. Ҷасади ӯро субҳи рӯзи дигар 1дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии он маҳал пайдо кардаанд.
Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар дода буданд, ки ба гумони даст доштан дар куштори ваҳшиёна ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Сёмин боздошт гардид. Гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шуд. Он замон додгоҳи шаҳри Серпухово амр дода буд, ки Александр Сёмин дар боздошт бимонад, зеро барои атрофиён хатар дорад.
Бо вуҷуди он ки Сёмин гуфта буд “дар ин ҷиноят даст надорад”, додгоҳи гуфт, далелҳои пешниҳод кардаи муфаттишон возеҳ нишон медиҳанд, ки ӯ дар таҷовузи ҷинсӣ ва қатли Ҳувайдо Тиллозода даст дорад.
Падари Ҳувайдо, Абдусалом Саидов он замон рафти ҳодисаро чунин шарҳ дода буд: “Ҳамааш дар 5-10 дақиқа рух дод. Ҳамроҳ бо ҳамсарам дар назди хона будем. Вориди мағоза шудам ва ҳамсарам кӯдаки хурдиро бинам гуфта, аз он ҷо каме дуртар рафтааст. Дар байни 5-10 дақиқа кӯдакро дуздиданд. Соатҳои панҷи бегоҳ буд, ки дуздиданд. Соати 4 саҳар пайдо кардем. Ҷасадаш дар дохили сумка буд”.
Ҷасади Ҳувайдоро рӯзи 25 июли соли 2018 ба Тоҷикистон оварданд ва дар зодгоҳаш дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд.
Пурсарусадотарин қазия
Куштори Ҳувайдо аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли 2018 буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Тоҷикистону Русияро такон дод ва сокинон ба ин қазия вокуниши тунд карданд. Ҷониби Тоҷикистон бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро дархост кард. ВКД - и Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки Рамазон Раҳимзода бо ирсоли барқияи расмӣ аз ҳамтои руси худ хостааст, тафтиши парвандаро зери назорат бигирад. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия изҳор дошт, ки дар ҷазо гирифтани қотили ин кӯдаки 5-солаи тоҷик шубҳае нест.
Сафорати Тоҷикстон дар Русия гуфта буд, ки ин қазия зери назорати ҷиддии онҳо аст ва дар як мулоқоти онҳо бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Русия ин қазияро баррасӣ кардаанд. Дар яке аз мурофиаҳои парванда низ намояндаи онҳо ширкат дошт.
Ҳувайдо "тӯъма"-и аввалини Сёмин нест
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия он замон гуфта буданд, ки ки Ҳувайдо Тиллозода аввалин "тӯъма"-и Александр Сёмин нест. "Аз ин пеш, ҳадди ақал ду нафари дигар аз он шикоят карда буданд, ки Сёмин кӯшиш кардааст нисбат ба духтарони хурдсоли онҳо амалҳои шаҳвониро анҷом диҳад".
Ҳамин тариқ, баъди қатли Ҳувайдо чор корманди шӯъбаи пулиси ВКД - и Русия дар ноҳияи Серпухово аз мақомҳояшон барканор шуданд. Кормандони пулис барои беэътиноӣ ба арзи сокинон нисбат ба кӯдакозоре, ки Ҳувайдоро ба қатл расонд, аз вазифаашон барканор шуданд.
Натиҷаи ташхис: Александр Сёмин бемории рӯҳӣ нест!
Муҳокимаи гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозода баъди беш аз як соли ҳодиса шурӯъ шуд: 26 августи соли 2019. То ин дам пайвандонаш Сёминро бемории рӯҳӣ мегуфтанд ва ӯ чанд муддат зери назорати пизишкон буд ва аз ташхис мегузашт. Вале баъдан ташхис муайян кард, ки вай касалии рӯҳӣ нест.
Баъд боз мушкили дигар пеш омад: Дар мурофиаи аввал наздикон ва вакилони дифои Сёмин аз додгоҳ хостаанд, ки падари духтарро ба мурофиа роҳ надиҳад. Онҳо даъво доштанд, ки Абдусалом Саидов гӯиё падари биологии Ҳувайдо нест ва ҳаққи даъво аз номи ӯро надорад. Вале худи Саидов ин иддаоро пурра рад кард ва гуфт падари биологии Ҳувайдо аст ва дар ин бора санадҳои қотеъ дорад. Ба қавли ӯ, "ҷониби ҷавобгар мехоҳад, бо даъвоҳои худ ҷараёни муҳокимаро тӯл диҳад ва шароити озод кардани Сёминро фароҳам кунад".
Чаро се сол боз парванда мавқуф гузошта мешавад?
Падари Ҳувайдо Абдусалом Саидов зимни суҳбат бо “Азия плюс” гуфт, ки сабаби аслии мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда аз ҷавобгарӣ озод намудани қотил Сёмин аст.
Ӯ гуфт, онҳо ҳатто ба духтуре, ки ташхиси бемории рӯҳӣ будани Сёминро гузаронид, маблағи калон пешниҳод намуданд, то ӯро дар ҳуҷҷатҳо бемории рӯҳӣ нависад, вале духтур онро рад карда, гуфтааст, ки ӯ низ духтари ноболиғ дорад ва чунин нафарон бояд ҷазои сазовор гиранд.
- Ба худи мо ҳам чанд маротиба маблағ пешниҳод намуданд, ки аз даъвоямон даст кашем. Вале ҳеҷ гоҳ ин чиз намешавад. Ман то ба охир меравам ва сайъ мекунам, ки қотили духтарам ҷазои сазовор гирад. Бояд фарзандони ман дарк кунанд, ки падари онҳо барои ҳимояи онҳо ба ҳама чиз омода аст,- гуфт Абдусалом.
Ӯ афзуд, ки дар беморхонаи равонӣ қарор доштани Александр Сёмин ҳам сабаби то ҳол ҷазо нагирифтанаш ва тамдид шудани мурофиаи додгоҳӣ мебошад. Онҳо ба ҳамин роҳ мехоҳанд, ки ӯро аз ҷавобгарӣ озод кунанд.
Вай гуфт ҳоло дар Русия қарор дорад ва кор мекунад, то оилаи худ ва дигар хароҷоти рафти мурофиаи додгоҳиро пардохт кунад.
Абдусалом гуфт, ки аллакай аз ҳамватанони худ дар Русия ҳудуди 150-200 ҳазор рубли русӣ қарздор шудааст ва ҳамаи ин маблағ барои хароҷоти ҳуҷҷатгузорӣ ва раванди додгоҳ сарф шудааст.
- Баргардонидани маблағ кори мушкиле нест. Агар ҳамин масъаларо яктарафа кунам, ҳатман кор карда қарзи мардумро бармегардонам. Мутаассифона, қазияи мазкур намегузорад, ки ором кор кунам. Оилаам ҳоло дар Тоҷикистон аст ва шабу рӯз мегиряд, ки ӯро ба Русия биёрам то дар додгоҳ ширкат кунад. Ба наздикӣ як илоҷ карда онҳоро ҳам ба Русия меорам,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Беш аз 20 мурофиаи додгоҳӣ дар се сол. Баҳона чист?
Ба иттилои мавсуф баррасии парвандаи навбати рӯзи 9 октябри соли равон дар додгоҳи вилояти Маскав баргузор мегардад ва интизор дорад, ки ин охирин мурофиа аст ва қотил ҷавоби сазовори худро мегирад.
- Аз аввали қазия то ба ҳол беш аз 20 мурфиаи судӣ баргузор шуд, вале аксаран бо баҳонаҳои ҷониби қотил мавқуф гузошта мешавад. Мо ҳам аз даво-дав хаста шудем, қонунгузории Русия бисёр пурпечутоб будааст. Вале мо кӯшиш мекунем бо кӯмаки дустон то ба охир равем, то рӯҳи Ҳувайдо ором бихобад,- гуфт Саидов.
Охирин мурофиаи парвандаи Ҳувайдо рӯзи 5 июли соли равон баргузор шуда буд. Дар ин мурофиа эълон карданд, ки баррасии парванда боз ба се моҳи дигар - октябр мавқуф гузошта шавад. Мурофиаи пешин ҳам ба вақти дигар гузаронида шуда буд: аз 22 июн ба 5 июл.
Вакили дифои хонаводаи Тиллоевҳо Шавкат Умаров он замон ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки ба далели хуруҷи дигарбораи COVID-19 дар Маскав эҳтимолияти мавқуф гузоштани ҷаласаи додгоҳ вуҷуд дошта, ҳамзамон имкон дорад, ки ин мурофиа тариқи видеоконфронс аз боздоштгоҳ (СИЗО) сурат бигирад, лекин ин тавр нашуд.
Рӯзи 9-уми апрел баъди танаффуси тақрибан панҷмоҳа додгоҳи вилояти Маскав Сёминро тақрибан баъди се сол аз беморхона раҳо ва барои се моҳ ба СИЗО фиристода буд. Пеш аз ин, дар мурофиаи рӯзи 20 ноябри сои 2020 дар додгоҳи вилояти Маскав гумонбаршуда Александр Сёмин иштирок надошт. Баъди ин ӯ дар чанд мурофиаи дигар низ иштирок накард, ки ин яке аз сабабҳои мавқуф гузоштани парванда шуд.
Ҳоло муайян нест, ки дар мурофиаи моҳи октябри Сёмин ширкат мекунад ё не. Чун дар сурати ширкат накрадан боз баррасии парванда ба рӯзи дигар гузошта мешавад. Вале аз сабаби он ки аз оғози парванда 4 сол ва аз рафти баррасии он 3 сол мегузарад, интизор меравад, ки ин масъала ниҳоӣ шавад. Чунки ҳамаи далелҳо ва ваҷҳҳо муайян шудааст ва ҳама мунтазири ҳукм ҳастанд. Ин ҳам дар рафти баррасии парванда ягон баҳонае барои мавқуф гузоштан пайдо нашавад.
Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Навстречу «Талибану». В России решили создать механизм исключения организаций из списка террористических
Таджикистан вслед за другими странами ЦА прекратил обслуживание карт UnionPay Газпромбанка
ООН: Каждые 10 минут в мире от рук партнера погибает женщина
Китай становится главным импортёром Таджикистана?
«Они не считали нас людьми». Депортированный таджикистанец рассказал, почему больше не поедет в Россию
Душанбинская милиция предупредила о росте мошенничества на платформах частных объявлений
В Душанбе состоятся два Вечера киномузыки Болливуда
Как остановить домашнее насилие в отношении женщин?
С кем сразится непобедимый таджикский боец Наботов в борьбе за контракт с UFC?
В Таджикистане выберут «Лучшего супруга»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста