Модари 27-солаи 3 фарзанд аз Истаравшан ба кӯшиши фурӯши писари 2-солаи худ ба як марде аз ноҳияи Ҷаббор Рауслов гумонбар дониста мешавад. Фарзанди худро ӯ 40 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 4 ҳазор доллар) “нарх гузошта буд”. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар гузориши телевизионии ҳафтаинаи худ - “Ахбори ВКД” хабар дод.
Гуфта мешавад, кормандони милитсияи ноҳияи Ҷаббор Расулов Мақсуда Юсуфоваро рӯзи 15 август дар бозори маҳаллии “Ашроф” ҳангоми аз харидор гирифтани пешпардохт ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ, ба кормандони милитсия маълумот расидааст, ки Юсуфова бо сокини ин ноҳия дар бораи фурӯши кӯдак гапзанон кардаанд ва онҳо тасмим гирифтаанд, ки барои боздошти зан бо далели шайъӣ, як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Акбар Шарифӣ мегӯяд, агар қаблан дар ҳолатҳои фурӯши кӯдакон ба ҳайси гунаҳкор “занони гумроҳшуда" ба хотири шарманда нашудан ба даст меафтоданд, пас вазъияти марбут ба Мақсуда Юсуфова аз онҳо комилан фарқ мекунад, зеро ӯ фарзанди қонунии аз собиқ шавҳараш таваллудшударо фурӯхтан мехост.
Дар гузориш Мақсуда Юсуфова изҳор мекунад, ки пештар писарашро ба интернат супорида, лекин баъдан аз онҷо гирифтааст.
Кӯдакеро, ки ӯ фурӯхтан мехост, фарзанди сеюми оила будааст. Шавҳараш аз ӯ ҷудо шуда, зан бо се кӯдак яккаву танҳо мемонад. Зан иқрор мешавад, ки аз фурӯхтани фарзанди хурдиаш каме пул ба даст оварданӣ будааст...
Нисбат ба Юсуфова мутобиқи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳаш, ӯ ба муҳлати аз 5 то 8 соли зиндон маҳкум шуда метавонад.