Агентии зиддифасоди Тоҷикистон тасарруфи 1,8 млн. сомонӣ маблағи хизматрасониро дар Агентии назорат дар соҳаи маориф тасдиқ кард ва гуфт, нисбати шахсони масъули Агентӣ барои азхудкунии маблағҳои махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ин ниҳод дар посухи катбӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони масъули Агентии назорат дар соҳаи маориф рӯзи 21-уми июли соли 2022, бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” боз шуда, ҳоло тафтишоти пешакӣ идома дорад.
“Азия-Плюс” тариқи мактуб аз ин ниҳод дархост кард, ки оид ба боздошт ва боз кардани парванда нисбати шахсони масъули Агентии назорат дар соҳаи маориф, аз ҷумла Шоҳин Саидзода, роҳбари пешини ин ниҳод, Маҳмадсиддиқи Маҳмадзокир, сармуҳосиб, Мафзуна Чарқинзода, муҳосиб ва Сафар Лоиқ, хазинадори ин ниҳод маълумот пешниҳод намоянд.
Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар робита ба қазияи мазкур шарҳи бештар надод ва гуфт, “мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 177 КМҶ Тоҷикистон, тафтишот айни замон фош кардани дигар маълумоти тафтиши пешакиро нораво ҳисоб менамояд”.
Ҳамин тариқ, маълум нест, ки “шахсони масъули Агентии назорат дар соҳаи маориф”, ки нисбаташон парванда боз шудааст, киҳоянд. Аммо маъмулан маблағҳои ниҳодҳои буҷавӣ бе иҷозаи роҳбари аввали идора харҷ карда намешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтае пеш сомонаи “Бомдод” бо такя ба се манбаи худ хабар дод, ки дар пайи ошкор шудани 1,8 млн. сомонӣ тасарруфи маблағҳои давлатӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ба зидди Шоҳин Саидзода, роҳбари қаблии Агентӣ ва писари раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Нуриддин Саид, бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳо ва сӯистифода аз мақом парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Якҷо бо ӯ Маҳмадсиддиқи Маҳмадзокир, сармуҳосиб, Мафзуна Ҷарқинзода, муҳосиби корхона ва Сафар Лоиқ, хазинадори Агентӣ низ ба ҳабс гирифта шуданд.
Гуфта мешавад, ки Шоҳин Саидзода дар аввал боздошт ва баъдан, дар ивази гаравпулӣ аз ҳабс озод шудааст.
“Аммо сармуҳосиб Маҳмадсиддиқи Маҳмадзокир ва муҳосиб Мафзуна Ҷарқинзода бо вуҷуди он, ки маблағи камомадашонро алакай ҷуброн кардаанд, дар ҳабс боқӣ мемонанд. Шоҳин Саидзода дар поёни моҳи август аз ҳабси пешакӣ озод шуд ва рӯзи 7 сентябр, як ҳафта баъди раҳоияш 700 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои тасарруфшударо баргардондааст”, - гуфта мешавад дар хабар.
Шоҳин Саидзода аз соли 2017 то 2020 дар мақоми муовини сардори Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон кор карда, аз соли 2020 то 2022 сардори Агентии назорат дар соҳаи маориф буд. Моҳи феврали соли 2022 президент Эмомалӣ Раҳмон ӯро “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз ин вазифа озод кард. Вале бо гузашти беш аз ним сол ӯ ба мансабе таъин нашуд.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 февраля 2023 года
Землетрясение в Турции стало самым сильным за 80 последних лет. Вот как выглядят его последствия
МИД Казахстана отреагировал на вызов казахстанского СМИ в российский суд
В Таджикистане с 1 марта повысят зарплату военным и силовикам
Эмомали Рахмон направил телеграммы соболезнования президентам Турции и Сирии
В Турции зафиксировали новое сильное землетрясение
"ПамирЭнерджи" объявляет тендер на строительство ЛЭП
Посольство Таджикистана в Турции активировало горячую линию
В «Таджикматлубот» сообщили, когда в Таджикистане перестанет дорожать лук
В результате землетрясения в Турции и Сирии погибли более 1200 человек
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста