Дар вилояти Суғд нисбати як оилаи ҷавон ба гумони фурӯши тифли навзоди писари худашон, ки он замон ҳамагӣ 3-рӯза буд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Тавре ки аз гузориши навори видеоии барномаи “Пайки Суғд” бармеояд ҳамсарон сокинони 27-солаи ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен мебошанд. Ин барнома бар асоси маводи парвандаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таҳия мешавад.
Ин оила соҳиби як фарзанд буда, пас аз таваллуди тифли дуюм мехостанд, ки ӯро ба ивази 6 ҳазор сомонӣ ба сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов фурӯшанд.
Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ онҳо ҳангоми гирифтани пул боздошт шудаанд.
Зимни бозпурсӣ зан мегӯяд, ки аз шавҳараш ҷудо шуда, нигарон буд, ки бо ду кӯдаки хурдсол дар хонаи волидонаш чӣ гуна зиндагӣ мекунад.
“Дар аввал ин зан мехост, ки исқоти ҳамл кунад, аммо пас аз муоинаи табиб маълум шуд, ки давраи ҳомиладориаш тӯлонӣ аст, аз ин рӯ, тасмим гирифт, ки фарзандашро ба як оилаи рӯзгорашон таъмину обод диҳад”, - зикр мегардад дар гузориши телевизионӣ.
Бино ба маълумоти ВКД, айни замон нисбати ҳарду волидон мутобиқи моддаи 167 КҶ ҶТ (Хариду фурӯши кӯдак) парвнадаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.
Дар бораи рӯзи дақиқи боздошти онҳо хабар дода намешавад. То замони нашри хабар тамоси телефонӣ гирифтан бо Раёсати ВКД дар вилояти Суғд муяссар нашуд.
Дар гузориши видеоӣ гуфта мешавад, имсол ин аллакай ҳодисаи дуюми пешгирии ҳолати фурӯши кӯдак аз ҷониби милитсия аст.