Суд ронандаи микроавтобус (маршрутка) Раҳмоналӣ Мирзоев ва “кондуктор”-и он Зафархони Адолатшоро барои қабеҳгуфторӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс кард.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, як нафар шаҳрванд бо ирсоли навор аз мақомоти милитсия дархост намудааст, ки нисбати ронанда ва «кондуктор»-и воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Спринтер» (2440СЕ01) чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

“Дар аризаи ӯ зикр мешуд, ки ба болои қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардану  дар қатори дуюм таваққуф намудан, онҳо ба эроди муроҷиаткунанда бо суханҳои қабеҳу таҳқиромез посух гуфтаанд”, - омадааст дар хабари РВКД.

Дар ҷараёни роҳандозии тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи қонуншиканон муайян ва боздошт шуданд.

“Маълум шуд, ки рӯзи 15 декабр ронанда қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, дар қатори дуюм таваққуф намудааст, ки ба танбашавии автомашинаҳо боис гардидааст. Ба эроди дигар ронандагон онҳо дағалона посух додаанд. Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Майдаавбошӣ) протокол тартиб дода шуд”, - хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки нисбати ронанда Раҳмоналӣ Мирзоев инчунин тибқи моддаи 510 барои ғайриқонунӣ ба фаъолияти хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул гардидан протокол тариб дода шудааст, ки дар ин модда ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.