Палатаи ҳисоб дар соли 2022 дар пайи санҷишҳо дар сохторҳои давлатии кишвар ба маблағи 376,9 млн сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро ошкор намудааст. Дар ин бора Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб имрӯз, 15-уми феврал, зимни нишастии матбуотӣ, хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ошкор карда шудаанд.
Аз маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардида:
- хароҷотҳои ғайриконунии пулию молӣ 29,3 млн сомонӣ;
- камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,9 млн сомонӣ;
- изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 37,5 млн сомонӣ;
- фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 926,2 ҳазор сомонӣ;
- талафи воситаҳои пулию моли 171,4 млн сомонӣ;
- маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 88,5 млн сомонӣ;
- пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 41,7 млн сомонӣ;
- ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 5,5 млн сомониро ташкил медиҳад.
Қарахон Чиллазода гуфт, оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, ба буҷа 275,4 млн сомонӣ, ба корхона ва ташкилоту муассисаҳо 100,1 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар рафти чорабиниҳои аудиторӣ қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобӣ ба маблағи 12,6 млн сомонӣ, зиёдомади молу маводи арзишдор 9,0 млн сомонӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳо 141,3 ҳазор сомонӣ ба буҷа ва корхонаҳо барқарор гардида, маблағгузориҳои сметаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷаӣ ба қадри 21,4 млн сомонӣ ва қарзҳои беасоси кредиторӣ ба андозаи 1,9 млн сомонӣ кам карда шудаанд.
Палатаи ҳисоб дар соли 2022 ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо марказҳои лоиҳаҳои ва сармоягузорӣ 31 хулоса ва мактубҳои ахборотӣ бо 1774 тавсияҳои судманд ирсол кардааст, ки дар пайи он 34 қарору фармон қабул гардида, 323 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаааст ва 19 нафар аз вазифаи ишғолнамудаашон озод гардидаанд.
В Худжанде с начала года создано 37 новых предприятий
Не $120, а $137? Сколько стоит турецкая виза?
Как строительство ГЭС "Себзор" помогает улучшить условия жизни населения в ГБАО
Глава Минтруда России предложил запретить мигрантам свободный въезд в страну
Во сколько Таджикистану обходятся пыльные и песчаные бури?
Команда «Эфко» стала обладателем кубка Formula55
В Таджикистане стартуют Дни культуры Государства Катар
Против рэпера P. Diddy подали еще шесть исков об изнасиловании
Отопление в Душанбе. Какие объекты будут обеспечены теплом в этом году?
Путин внес в Госдуму проект закона о ратификации договора о партнерстве с КНДР
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста