Ҳамасола, 15-уми май дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ бо сабабҳои эътиқодӣ таҷлил карда мешавад.
Дар Тоҷикистон ин гуна озодӣ дода намешавад, аммо дар қонунгузории кишвар сабабҳои дигари озод будан аз хидмати ҳарбӣ муқаррар шудааст. Киҳо дар кишвари мо аз хидмати ҳарбӣ озод ҳастанд ва ин ҳақро чӣ гуна бояд исбот кунанд, дар маводи мо бихонед.
Уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбии шаҳрвандони Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" танзим мекунад. Бори охир дар ин қонун моҳи январи соли 2021 тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки боиси баҳси гарм дар ҷомеа шуд ва дар асоси он, бори аввал дар кишвар, хидмати ҳарбии пулакӣ ҷорӣ гардид, ки маблағи он 420 нишондиданда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) аст.
Киҳо аз хидмати ҳарбӣ пурра озоданд?
Моддаҳои 30 ва 31-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" асосҳои озод кардани шаҳрвандонро аз хидмати ҳарбӣ ва ҳамчунин, асосҳо барои ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбиро барои муҳлати муайян муқаррар кардааст.
Тибқи банди 1-уми моддаи 30-и қонуни мазкур шахсони зерин аз аз хидмати ҳарбӣ озоданд:
- онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;
- онҳое, ки хидмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё адо кардаанд;
- онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар давлати дигар адо мекунанд ё адо кардаанд;
- онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
Ҳамчунин, тибқи муқарароти банди 2-и моддаи 30 қонуни мазкур шахсони зерин ҳуқуқ доранд аз даъват ба хидмати ҳарбӣ озод карда шаванд:
- онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё ба таври ихтиёрӣ дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ва ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё вафот кардаанд, ё ин ки маъюби гурӯҳҳои I ва II гардидаанд;
- онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд;
- онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктор PhD - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд.
Дар қонунгузории пешин дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ ибораи хидмати ҳарбии алтернатива дарҷ шуда буд ва тибқи он шахсоне, ки хидмати алтернативиро анҷом медоданд, аз хидмати ҳарбӣ озод буданд.
Вале Дилрабо Самадова, роҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ниҳоде ки аз ҳуқуқи сарбозон дифоъ мекунад, гуфт, ин банди қонун умуман дар амал татбиқ нашудааст, чунки дар худи қонун гуфта шуда буд, ки барои дар амал татбиқ намудани он қонуни дигаре лозим аст, ки хидмати ҳарбии алтернативро танзим кунад, ки чунин қонун дар мо набуд.
"Аз сабаби он ки қонуни дигаре ин бандро танзим намекард, он дар амал татбиқ нашуд ва касе ҳам ба ин намуди хидмат ҷалб карда нашуд. Дар моҳи январи соли 2021 ин банд дар қонунгузорӣ бардошта шуд",- гуфт ӯ.
Киҳо ҳаққи ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбиро доранд?
Ҳамин тариқ, моддаи 31-и қонуни мазкур асосҳо барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хидмати ҳарбиро муқарар кардааст, ки тибқи он шахсони зерин ба он ҳақ доранд:
- муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан бинобар вазъи саломатӣ - ба муҳлати то 6 моҳ;
- нигоҳубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд (ба кумак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд ё маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18 нарасидаанд);
- таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ - то хатми муассисаҳои таълимии мазкур;
- тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммонда;
- оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятӣ - то қабули қарори дахлдор;
- адои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва ё махдуд кардани озодӣ.
- даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд - то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;
- онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд - дар давоми муҳлати ваколат;
- онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд - дар давраи таҳсил;
- омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;
- онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;
- онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.
Фарқи озод будан аз хидмати ҳарбӣ ва ба таъхир гузоштани он
Ба таъхир (отсрочка) андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ин муваққатан озод намудани шаҳрванд ва ё ба муҳлати дигар гузарондани даъват ба хидмати ҳарбӣ мебошад, ки бо қарори комиссияи даъват амалӣ мегардад.
Сабабҳое, ки ҳуқуқи додани таъхири даъватро фароҳам месозанд, инҳоянд:
- таъхир бинобар вазъи оилавӣ;
- таъхир барои давом додани таҳсил;
- таъхир бинобар вазъи саломатӣ;
- таъхир вобаста ба фаъолияти касбӣ;
- таъхир ба шаҳрвандоне, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва ё бинобар ҳукми судӣ муҳлати ҷазои хешро адо менамоянд.
Дар сурати ба анҷом расидани сабаби ба таъхир гузоштан бархе шахсони синни даъватӣ, масалан, донишҷӯён (ё хориҷ гардида, баъдан баргашта барқарор мекунанд) метавонанд, ки дубора ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд. Қисми дигар дубора ба хидмат ҷалб карда намешавад ва пас аз расидан ба синни 27 солагӣ ба ҳайати захиравӣ дохил карда мешаванд. Мисол, нафароне ки аз ду ва зиёда фарзанд доранд.
Озод шудан аз хидмати ҳарбӣ ин асосе аст, ки тибқи он шахс пурра аз хидмати ҳарбӣ озод аст ва ё ҳуқуқ дорад, хидмати ҳарбӣ накунад.
Чӣ тавр исбот кардан мумкин аст, аз артиш озод ҳастед?
Дилрабо Самадова мегӯяд, шахсони синнӣ давъатӣ, ки ҳақи хидмати ҳарбӣ карданро надоранд ва ё ҳуқуқӣ ба таъхир андохтани онро дорад, бояд ҳатман ба коммисариатҳои ҳарбии маҳалли зисти худ ҳуҷҷати тасдиқкунанда, аз ҷумла, хулосаи коллегияи тиббӣ дар бораи корношоям будани шахс, ҳуҷҷатҳо дар бораи хидмат дар давлати дигар, шаҳодатномаҳо дар бораи писари ягона дар оила будан ё ду фарзанд доштанро пешниҳод кунанд.
“Чунин фарҳанг дар мо оммавӣ нашудаст. Масалан, агар яккаписар бошад, фикр мекунад, ки ӯ ба таври автоматӣ аз хидмати ҳарбӣ озод аст ва ӯро набояд ба хидмати ҳарбӣ даъват кунанд. Ҳарчанд чунин нест, ӯ бояд бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда муроҷиат карда, яккаписар будани худро собит кунад ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда гирад, ки ӯ аз ҳаққи хидмати ҳарбӣ озод аст.
Дар масъалаи вазъи саломатӣ ҳам чунин аст. Нозукии дигар ин аст, ки агар шахс бинобар вазъи саломатӣ аз ҳаққи хидмати ҳарбӣ кардан озод бошад ва ё ҳуқуқи ба таъхир гузоштани онро дошта бошад, бояд дар 6 моҳ як маротиба (қаблан дар як сол як маротиба буд) аз коммисияи тибии даъватӣ гузарад ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда гирад”, - шарҳ дод Дилрабо Самадова.
Чаро дар Тоҷикистон хидмати алтернативӣ нест?
Ҳуқуқи даст кашидан аз хизмати ҳарбӣ ба моддаи 18-и Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ асос ёфтааст, ки ҳуқуқи озодии фикр, эътиқод ва динро кафолат медиҳад.
Дилрабо Самадова мегӯяд, ин банди қонунгузорӣ дар Тоҷикистон табиқ намегардад ва Созмони Миллали Муттаҳид ҳам маҳз дар робита ба ин масъала Тоҷикистонро танқид карда, баъзе тавсияҳо дода буд.
Тибқи ин моддаи Паймони байналмилалӣ бояд дар кишвар шаҳрвандон аз рӯи эътиқодӣ динӣ, мазҳабӣ ва фардӣ ҳаққи озод шудан аз хидмати ҳарбиро дошта бошанд ва ё ба хидмати алтернативии ҳарбӣ ҷалб карда шаванд.
Хидмати алтернативии ҳарбӣ бояд аз хидмати ҳарби пурра ҷудо бошад. Яъне шахс набояд либоси ҳарбӣ пушад, ё яроқ ба даст гирад. Ӯ метавонад дар соҳаи иҷтимоӣ, масалан, хонаи пиронсолон, хонаи маъюбон ва ё дар ноҳияҳои дурдасте, ки қувваи меҳнат намерасад, ба хидмати алтертанивӣ ҷалб шаванд.
Инчунин, дар бархе аз давлатҳо муқаррар карда шудааст, ки муҳлати хидмати алтернативии ҳарбӣ назар ба хидмати ҳарбии муқаррарӣ каме дарозтар аст ва нафаре, ки хидмати алтернативӣ мегузарад, бояд як миқдор музди меҳнати худро ба буҷаи давлат пардохт кунад.
“Нозила Қонеъ, гузоришгари вижаи СММ дар умури дин ва эътиқод ҳам дар сафари охир худ ба Тоҷикистон, ки бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам суҳбатҳо дошт, бештар аз ҳамин чиз пурсид ва тавсияҳо дод, ки дар қонунгузорӣ барои хидмати ҳарбии алтернативӣ ва ё асосҳое барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аз рӯи эътиқоди динӣ, мазҳабӣ ва фардӣ бояд бошад. Вале то ҳол дар мо чунин чиз нест”, - гуфт Дилрабо Самадова.
Подборка платформ, где вы можете учиться из дома на русском, таджикском и английском
Суд продлил арест еще трем фигурантам дела о теракте в "Крокусе", этапированным из Дагестана
В Пакистане произошли столкновения между полицией и сторонниками Имрана Хана
Как школьникам Таджикистана попасть в американскую программу Camp Rising Sun
Глава ВТБ: Без мигрантов экономика России не будет дышать
В Таджикистане задержан мошенник: он обманул 42 человека, обещая им поездку в Саудовскую Аравию
Стратегия выживания: Таджикистан готовится к изменению климата
Путин призвал не допустить дестабилизации ситуации в СНГ
В Таджикистане подешевели лимоны и морковь, а мясо и молоко подорожали
Навстречу «Талибану». В России решили создать механизм исключения организаций из списка террористических
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста