Додгоҳи Басмании шаҳри Маскав мӯҳлати ҳабси чаҳор муттаҳами дигари ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол”-ро тамдид кард.
Дафтари матбуоти ин додгоҳ дар телеграм-канали худ менависад, ки бародарон Аминҷону Диловар ва падари онҳо Исроил Исломовҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамчунин Алишер Қосимов, шаҳрванди Қирғизистон то 22 август дар ҳабс хоҳанд буд.
Мақомоти тафтишотии Русия онҳоро дар кӯмак ба омодасозии ҳамлаи террористӣ муттаҳам мекунад. Аз ҷумла, қаблан раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин гуфта буд, ки Исломовҳо ба ҳамлагарон манзил ва мошин ҷудо карда, пул ҳам интиқол додаанд.
Ҳар се узви оилаи Исломовҳо рӯзи 25-уми март, се рӯз баъд аз амали террористӣ боздошт шуданд. Дар додгоҳи онҳо худро бегуноҳ гуфтанд ва талош карданд аз ҳукми додгоҳ шикоят кунанд. Аммо талоши онҳо натиҷа надод.
Ҳоло онҳо тибқи банди “б”-и қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия (ҳамлаи террористӣ) муттаҳам дониста мешаванд ва дар сурати исботи гуноҳ, ба онҳо ҳабси абад таҳдид мекунад.
Бояд гуфт, ки ҳар се нафар ҳамчунин шаҳрвандони Русия низ мебошанд. Диловар Исломов молики автомашинаи “Рено” буда, чанде пеш то амали террористӣ онро ба яке аз иҷрокунандагони эҳтимолии ҳамла фурӯхтааст. Дар ҳамин ҳол, ҳуҷҷатҳо ба автомашина ба расмият дароварда нашудаанд.
Зикр кардан лозим, ки дирӯз ҳамин додгоҳ ҳукми боздошти чор нафар ва субҳи имрӯз сарори ҳабси боз чор нафари дигар муттаҳами ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”-ро содир карда буд.
Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.
Ҳамаи гумонбарони ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” як рӯз пас аз ҳодиса - 23-юми март боздошт ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав то 22-юми майи соли равон ба ҳабс гирифта шуда буданд. Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" - Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.