Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл” - Лутфуллои Назримад, Ҷумъахон Қурбонов, Яъқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзодаро тамдид кард. Дар ин бора дар Telegram-канали додгоҳҳои салоҳияти умумии пойтахти Русия хабар дода мешавад.
“Додгоҳ дархости мақомоти тафтишотро қонеъ кард”, - гуфта мешавад дар хабар.
Гумонбарон то 22 августи соли 2024 дар ҳабс қарор хоҳанд дошт. Ҳамаи онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 205, қ.3, б.”б”-и Кодекси ҷиноятии Русия айбдор карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки як рӯз пеш, 16 май додгоҳи муҳлати ҳабси 4 гумонбари дигари ин парванда - Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидинро низ дароз кард.
Онҳо як рӯз пас аз ҳодисаи 23-юми март боздошт ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав то 22-юми майи соли равон ба ҳабс гирифта шуда буданд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.
Ҳамаи гумонбарони ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” як рӯз пас аз ҳодиса - 23-юми март боздошт ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав то 22-юми майи соли равон ба ҳабс гирифта шуда буданд. Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" - Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.
Икбол Завкибеков: «Надо любить то, чем занимаешься»
ФСИН: 70% иностранцев в колониях России – граждане стран Центральной Азии
Иранская авиакомпания запустит спецрейсы между Душанбе и островом Киш
США возобновили поставки оружия Украине
«Рыба для товарища Черчилля». В Таджикистане снят фильм о героизме таджиков во Второй мировой войне
Стало известно, когда будет открыта граница между Таджикистаном и Кыргызстаном
«Хабаровские авиалинии» изменили правила перевозки детей мигрантов
ЕБРР и АБР профинансируют модернизацию автодороги Дангара – Гулистон
Врачей легендарного Марадоны отправили под суд
Госдума России рассмотрит запрет на льготное жилье для мигрантов, недавно получивших гражданство РФ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста