Дар Санкт-Петербург 11 муҳоҷир барои саривақт худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштан, аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар ин шаҳр хабар медиҳад.
«Дар ҷараёни санҷиш 11 нафар муҳоҷирон ошкор карда шуданд, ки пас аз гирифтани шаҳрвандии Русия, уҳдадории худро дар мавриди ба қайди аввалияи ҳарбӣ гузоштан иҷро накардаанд», — омадааст дар хабар.
Тавре ки дар он ҷо зикр кардаанд, миёни хориҷиён шаҳрвандони кишварҳои хориҷи наздик ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дур низ будаанд.
Дар бораи миёни онҳо ҳузур доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дақиқан хабар дода намешавад.
Гуфта мешавад, айни замон қонушиканонро лозим аст, ки мақоми ҳуқуқии худро муайян кунанд ё қаламрави Русияро тарк намоянд.
Тибқи қонун «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», шаҳрвандон дар давоми ду ҳафта бояд барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шаванд.
Илова бар ин, аввали моҳи август президенти Русия Владимир Путин қонуне имзо кард, ки тибқи он дар сурати саркашӣ аз қайди ҳарбӣ гузоштан, шаҳрвандони Русияро метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум намоянд.
Ташаббускорони тағйирот ба қонун «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» вакилони «Единая Россия» (Русияи воҳид) бо роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумон Вячеслав Володин буданд. Санад рӯзи 31 июл дар Думаи давлатӣ қабул ва 2 август дар Шӯрои Федератсия тасдиқ шуд.
Рӯзи 12 сентябр намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк хабар дод, ки Вазорат аз комиссариатҳои ҳарбӣ дар бораи муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, аммо худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, маълумот дархост намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Вазорат ба амалисозии муқаррароти нави қонунгузорӣ оғоз намуда, мувофиқи онҳо, муҳоҷироне, ки аз иҷрои ин уҳдадорӣ даст кашидаанд, аз шиносномаҳои Русия маҳрум карда мешаванд.
Афиша от «Азия-Плюс»: Выставка Фарруха Негматзаде, «Комде и Мадан», Сада и Вечер музыки
Таджикистан строил, а он сохранял историю: Республика 20 века в фотографиях Николая Софьина
Туристические маршруты Таджикистана появились на международных платформах
Душанбинских энергопотребителей в ближайшие полгода полностью обеспечат «умными» счетчиками
В Таджикистане начали использовать дроны в борьбе с саранчой
Экспорт сельхозпродукции из Таджикистана превысил 226 миллионов долларов
В Швеции застрелили иракца, который проводил акции сожжения Корана
Куда и сколько электроэнергии Таджикистан экспортировал в 2024 году
«Сомон Эйр» заключила соглашение с DAE Capital на поставку двух самолетов Boeing 737 MAX
Пакеты в Таджикистане обещали запретить с 2025 года. Работает ли запрет?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста