Вазорати корҳои дохилии Русия аз комиссариатҳои ҳарбӣ дархост намудааст, ки маълумоти шахсонеро, ки чанде пеш шаҳрвандии Русияро дарёфтаанд, ба онҳо пешниҳод намоянд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта намояндаи ВКД Русия Ирина Волк дар шабакаи Telegram-и худ хабар додааст.
Бино ба навиштаи ӯ, чунин шахсоне, ки худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум карда мешаванд.
“ВКД Русия тибқи қонунгузорӣ ба чораҷӯиҳо ҷиҳати аз шаҳрвандӣ маҳрум намудани шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанду уҳдадории худро ба қайди ҳарбӣ гузоштан иҷро накардаанд, оғоз мекунад”, - навиштааст ӯ.
Ирина Волк ҳамчунин хабар додааст, ки дар зарфи 8 моҳи соли 2024 барои содир намудани қонуншикнаиҳо 1117 нафар аз шаҳрвандии Русия маҳрум шудаанд.
Тибқи маълумоти The Moscow Times, барои ошкор кардани шахсоне, ки шаҳрвандиро дарёфта, худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, дар шаҳрҳои Барнаул, вилояти Мурманск, кишвари Ставропол ва Екатеринбург рейдҳо гузаронида мешаванд.
Қонуни маҳрумият аз шаҳрвандии гирифташуда дар ҳолати саркашӣ аз қайди ҳарбӣ аз ҷониби Владимир Путин 8 августи соли равон имзо шудааст. Мувофиқи ин қонун, шахси хориҷие, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст, бояд дар давоми ду ҳафта пас аз бақайдгирӣ дар маҳалли зист худро ба қайди ҳарбӣ гузорад.
Тибқи қонунгузорӣ, бе шаҳодатномаи ҳарбӣ чунин шаҳрвандон наметавонанд кори қонунӣ пайдо кунанд.
Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар моҳи июни соли ҷорӣ хабар дода буд, ки тақрибан 10 ҳазор муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, иштирокчии ҷанг дар ҳайати артиши Русия шудаанд.
Аз оғози низои Русия ва Украина чандин маротиба зикр шуд, ки дар ҷойҳои иқомати муҳоҷирони зиёд рейдҳо гузаронида шуда, ба баъзеи онҳо даъватномаҳо ба комиссариати ҳарбӣ супурда шудаанд. Шаҳрвандони хориҷиро инчунин барои бастани шартномаҳои ҳарбӣ ҷалб мекарданд.
Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират, дар қаламрави Русия 12 млн муҳоҷир қарор доранд, ки аксари онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.
Аз аввали соли 2024 кормандони Вазорати корҳои дохилии Русия зиёда аз 65 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз кишвар ихроҷ намуда, барои 120 ҳазор муҳоҷир вурудро ба кишвар манъ карданд.
Сжигающий Рамазан: Интересные факты о священном для мусульман месяце
Таджикский первопроходец в английской премьер-лиге
Влиятельные женщины в таджикской политике
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Чайхона раздора, энергетический вопрос в Рамазан и мольбы матерей
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 марта 2025 года
Медиа-группа «Азия-Плюс» поздравляет всех женщин с Днем матери и Международным женским днем!
Цветы, улыбки и подарки: как прошла ежегодная акция «Азия-Плюс» - «Модарони мо»
Официально: Первый пункт выдачи заказов Wildberries в Душанбе откроется в апреле
Politico: Трамп ограничил полномочия Маска и его DOGE в вопросах увольнения госслужащих
ICB поддерживает развитие национального футбола
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста