Думаи давлатии Русия то охири иҷлосияи баҳорӣ, ки 4 август ба охир мерасад, қабули тағйирот ҷиҳати то ду сол дароз кардани муҳлати хидмати ҳарбӣ барои шаҳрвандони хориҷиро, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, инчунин боло бурдани синнусоли даъвати ҳарбии онҳоро ба нақша гирифтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Думаи давлатӣ хабар медиҳад.
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин пешниҳод намудааст, ки ташаббуси қонунгузории марбут барои ба қайди ҳарбӣ гузоштани муҳоҷирон таҳия шавад. Дар назар аст, ки ба қайди ҳарбӣ гузоштан метавонад шарти қабул ба шаҳрвандии Русия гардад. Пешбинӣ мегардад, ки ба қайди ҳарбӣ гузоштан дар як вақт бо гирифтани шиносномаи шаҳрванди Русия сурат мегирад.
Қаблан як гурӯҳи вакилон аз Ҳизби либералӣ-демократии Русия ва “Единая Россия” (Русияи воҳид) пешниҳод карданд, ки синнусоли даъват барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, то 50-сола боло бурда шавад, лекин пас аз интиқоди Володин, лоиҳаи қонуни мазкур аз парлумон бозхонд шуд.
Мувофиқи қонунгузории Русия, шаҳрванди хориҷӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтааст, бояд дар муддати ду ҳафта аз замони бақайдгирӣ дар маҳалли зист, худро ба қайди ҳарбӣ гузорад. Ҳадди ниҳоии синнусоли даъват барои шаҳрвандони Русия 30-соларо ташкил медиҳад. Аз соли 2008 муҳлати хидмати ҳарбии ҳатмӣ барои шаҳрвандони Русия 12 моҳ муқаррар шудааст.
Раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин моҳи июн хабар дода буд, ки қариб 100 ҳазор муҳоҷироне, ки шиносномаи Русия гирифтаанд, ба минтақаи “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ба Украина фиристода шудаанд. Ӯ зикр кард, ки зимни ҷалби муҳоҷирон ба кор бояд масъалаи амнияти миллӣ дар мадди аввал бошад.
Тибқи маълумоти ВКД Русия, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2023 зиёда аз 318 ҳазор нафар хориҷиён, асосан зодагони Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 21 мая 2025 года
«Совет на пятёрку»: Как помочь ребенку сдать экзамены без стресса?
Новый дресс-код и критика: как проходит Каннский фестиваль в 2025 году?
В ДТП в Казахстане погибли шесть граждан Таджикистана
ОДКБ начнет поставки вооружения на таджикско-афганскую границу в 2026 году
Таджикистан посетил самый титулованный борец в мире Михаин Лопес Нуньес
«Он стал жертвой...» Спустя 25 лет заказчик убийства Сайфа Рахимзода Афарди остается неизвестным
Душанбе готовится к первой выставке здоровья и красоты
Таджикистан попросил исламские финансовые организации увеличить поддержку крупных проектов в стране
Лето, которое меняет всё: MediaLAB Asia+ запускает образовательную программу для подростков
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста