Куштори ваҳшиёнаи Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар як мактаби вилояти Маскав дар Русия мавҷи нигарониҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард. Ӯ дар рӯзи рӯшан, дар мактаб ва бар пояи бадбинии нажодӣ кушта шуд. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки гумонбар ба куштор навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия аст.
Мақомоти масъули Тоҷикистон расман пайгири ҷузъиёти ин куштор шуданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар кишварро даъват карда, “нотаи эътирозӣ” супорид ва талаб кард, ки “тафтишоти фаврӣ, объективӣ ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро анҷом диҳад ва ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад”. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиллии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хост, сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.
ВКХ-и Русия ба ин куштори бераҳмона вокуниш кард ва ба Тоҷикистону пайвандони кушташуда ҳамдардӣ изҳор намуд. Ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷониби Русия барои таҳқиқи беғаразона ва холисона талош мекунад.
Ин бори аввал нест, ки як кӯдаки тоҷик дар Русия бар пояи бадбинии нажодӣ ва аз сӯйи миллатгароёну тундгароён кушта мешавад. Дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.
Коршиноси бахши муҳоҷират мегӯяд, ки ин кушторҳои бераҳмона аз сӯйи миллатгароёну тундгароён натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия аст.
Қатли Қобилҷон бо ангезаи нажодпарастӣ?
Қобилҷон Алиеви 10-сола рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав аз сӯйи як хонандаи ҳамин мактаб бо корд ва ваҳшиёна кушта шуд.
Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор шуд, дида мешавад, ки ҳамлагар пеш аз ҳамла аз хонандагон мепурсад: “миллати шумо чист?”. Муҳофиз кӯшиш мекунад, ки ӯро боздорад, аммо ҳамлавар ба рӯйи ӯ гази ашковар мепошад ва бо корд ҳуҷум мекунад. Пас аз ин, наврас дубора ба кӯдакон ҳамла карда, Қобилҷон Алиевро мекушад.

Пас аз куштор, ноболиғи ҳамлавар дар яке аз синфхонаҳо худро маҳкам карда, дар ҳамон ҷо аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шудааст.
Қобилҷон писари покизакор буд: модараш дар ҳамин мактаб фаррош буду падараш вафот кардааст. Қобилҷон бо додараш дар як макаб мехонд.
Расонаҳо менависанд, ки ҳамлагар дар заминаи нафрати миллӣ ба хонандагон ҳамла кардааст: ҳамлагар пеш аз ҳодиса “манифест”-и худро бо номи “Ғазаби ман”, ки дар он ӯ зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо ҳарф мезад, ба ҳамсинфонаш фиристодааст. Гурӯҳи расонаҳои “РБК”, навишт, ки муфаттишон аз ҳамлагар нусхаи дастгоҳи тарканда ҳам пайдо кардаанд.
Бино ба гузориши хабаргузории ТАСС, навраси боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105, қисми 3, моддаи 30, қисми 2, моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
2022 - қатли Далер Бобиеви 5-сола
Далер Бобиеви 5-сола моҳи декабри соли 2022 дар Екатеринбург аз ҷониби парасторонаш - Александр Наумов ва Вероника Наумова, шаҳрванди Русия, кушта шуд. Ҷасадаш танҳо пас аз 6 моҳ - июни 2023 ёфт шуд.
Дар додгоҳ шоҳидон гуфтаанд, ки Александр Наумов кӯдаки 5-солаи тоҷикро борҳо бо “скотч” ба курсӣ баста, муддатҳо ғизо надодааст. Ин шиканҷаи бераҳмона далел шудааст, ки чанд маротиба кӯдак аз хона фирор кунад.
Рӯзи 26-уми июни соли 2023 ҳамсари Наумов, Вероника аз нопадид шудани Далер Бобиев хабар дод. Садҳо сокини маҳаллӣ ба ҷустуҷӯи ин тифл баромаданд. Ҷасади ӯ 29-уми июни соли 2023 дар як халта дар наздикии хонаи парасторон пинҳон карда шуда буд. Маълум гардид, ки кӯдак ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2022 ба қатл расонида шудааст.
Моҳи сентябри соли 2024 Александр Наумов барои шиканҷаи бераҳмонаи тифли 5-солаи тоҷик 5 сол равонаи зиндон шуд. Моҳи июли 2025 Вероника Наумова барои куштори кӯдак бо бераҳмии махсус 24 сол зиндонӣ шуд.

2018 - қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола
Куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола яке аз пурсарусадотарин кушторҳои кӯдакони тоҷик дар Русия буд. Ӯ дар ноҳияи Серпухови вилояти Маскав аввал таҷовуз ва пас аз он кушта шуд.
Ба иттилои расонаҳо, Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.
Ба ин ҷиноят Александр Сёмини 28-сола, шаҳрванди Русия, ки дар ҳамсоягии хонаводаи Ҳувайдо мезист, муттаҳам шуд, вале ба далоили номаълум баррасии парвандаи ӯ беш аз 5 сол тӯл кашид. Билохира, моҳи марти соли 2023 додгоҳ ба ӯ 24 сол ҳукм содир кард, вале додгоҳи таҷдиди назар моҳи сентябри соли 2023 Сёминро ба ҳабси абад маҳкум кард.

2015 - марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа
Марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар натиҷаи “рейд”-и мақомоти Русия аз шумули ҳаводиси доғи соли 2015 буд. Субҳи 13-уми октябри 2015 кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар Санкт-Петербург “рейд” гузаронида, Заррина Юнусова, шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва кӯдаки 5-моҳааш Умаралӣ Назаровро аз ӯ ҷудо карданд.
Пас аз чанд соат, нимашаби ҳамон рӯз, кӯдак дар бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фавтид ва дар асоси хулосаи коршиносони судиву тиббӣ сабаби марг “бемории инфексияи ситомегаловирусӣ” номида шуд.
Пас аз гузашти як моҳ, рӯзи 16-уми ноябр ҷасади кӯдак ба Душанбе оварда шуда, ҳамон рӯз дар ноҳияи Файзобод ба хок супурда шуд. Хешовандон гуфтанд, ки кӯдак пеш аз боздошт солим буд, мақомоти Тоҷикистон ба онҳо ваъда доданд, ки дар Душанбе ташхиси тиббии иловагӣ мегузаронанд, аммо дар фурудгоҳ ягон намояндаи мақомот наомадааст.
Ин ҳодиса тафтиш нашуд ва касе барои марги кӯдак ҷазо нагирифт. Бо вуҷуди ин, модари Умаралӣ - Зарина Юнусоваро барои 5 сол аз Русия ихроҷ карданд.
2004 - қатли Хуршеда Султоноваи 9-сола
Хуршеда Султоноваи 9-сола рӯзи 9-уми феврали 2004 аз ҷониби миллатгароён дар Санкт-Петербург кушта шуд, ки боиси эътирози шадиди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон шуд.
Гурӯҳи наврасони миллатгаро рӯзи 9-уми феврали 2004 ба Юнус Султонови 35-сола, Акобир Ниёзови 11-сола (ҷияни Юнус) ва Хуршеда Султоноваи 9-сола, се шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамла кардаанд. Дар натиҷа, Хуршеда бар асари 11 корд дар ҷойи ҳодиса ҷон доду падар ва бародарзодаи ӯ сахт захмӣ шуданд.
Баъди фоҷиа расонаҳо ҳодисаро “куштори духтари тоҷик аз ҷониби тоссарҳои миллатгаро” ном бурданд ва дар Русия мавҷи баҳсу эътирозҳо алайҳи нажодпарастӣ зиёд шуд. Онҳо вақти ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон мегуфтанд, ки “аз Русия равед!”.
Аммо аз миёни даҳҳо гумонбар, танҳо чанд наврас боздошт ва барои “авбошӣ” ба муҳлатҳои кӯтоҳ – аз 1,5 то 5,5 сол равонаи зиндон шуданд. Баъд аз 7 сол, соли 2011-ум 12 тан узви ин гурӯҳи ҷиноии миллатгаро дастгир шуданд ва барои як қатор кушторҳо, аз ҷумла қатли Хуршедаи 9-сола аз 7 то 11,5 сол зиндонӣ гаштанд.

2003- қатли Нилуфар Сангбоеваи 5-сола
Нилуфари 5-сола 23-юми сентябри соли 2003 дар истгоҳи роҳи оҳани “Дачное” Санкт-Петербург кушта шуд. Ин аввалин ҳодисаи ба расонаҳо роҳёфтаи қатли кӯдаки тоҷик бар пояи миллатгароиву нажотпарастӣ дар Русия буд.
Як гурӯҳ нажодпарастон 23-юми сентябр дар пеши назари модарашон ду духтари панҷсола ва ҳафтсоларо латукӯб карданд. Ба иттилои расонаҳо, Дмитрий Хайретдинов, яке аз нажодпарастон бо зангир 10 зарба ба сар ва бо корд 40 зарба ба тани Нилуфар Сангбоева задааст. Он шом Нилуфари панҷсола беморхона фавтид.
Пас аз гузашти як сол, моҳи декабри 2004 Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ба 2 муттаҳам 10 соли зиндон, ба 1 тани дигар 7 соли зиндон ва ба 2 каси дигар 2,5 соли зиндон ҳукм содир кард. Илова бар ин, ду муттаҳами дигар ба муҳлатҳои панҷ ва шаш соли шартӣ маҳкум шуданд. Ҷиноят расман аз рӯи кинаву адовати миллӣ эътироф шуд.

“Муҳоҷирситезии мансабдорон ба тундгароён ангеза медиҳад”
Коршиносон кушторҳои бераҳмонаи кӯдакони тоҷик аз сӯйи миллатгароёну тундгароёнро натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия медонанд.
Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси масоили муҳоҷират, бар ин назар аст, ки ташаккули бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон дар фазои сиёсӣ, расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Русия боиси тундгароӣ ва афзоиши зӯроварӣ шудааст.
“Давоми 24 соати пас аз куштори Қобилҷон зиёда аз 1 ҳазору 700 нафар дар интернет амали ваҳшиёнаи Тимофей К.-ро дастгирӣ кардаанд. Ин нишон медиҳад, ки қисме аз наврасон аллакай зери таъсири идеологияи нажодпарастӣ мондаанд, ки басо хатарзо аст”, - гуфт Латифӣ.
Ба гуфтаи ӯ, вақте муҳоҷирситезӣ дар ҷомеа амри муқаррарӣ мешавад, ин бевосита ба рафтори ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Сабаби афзоиш ёфтани чунин ҷиноятҳоро коршинос дар се омил мебинад:
- набудани назорати пешгирикунанда;
- камбуди таълимоти зиддитабъиз;
- сари вақт ба ҷавобгарӣ накашидани гунаҳкорон.

Латифӣ меафзояд, ки чораҳои нави назоратӣ, аз ҷумла додани иттилоъ дар бораи фарзандони хориҷиён ба Вазорати корҳои дохилии Русия, фазои тарсу бимро бештар карда, тамғагузории муҳоҷиронро пурзӯр менамояд.
“То даме ки механизми равшане барои маҳдуд кардани таблиғоти муҳоҷирситезӣ ва ҷазо додани мансабдорони бадгӯ вуҷуд надорад, таъсири тундгароӣ бештар мегардад”, - таъкид дорад Латифӣ.
Шӯҳрат Латифӣ илова мекунад, ки дар Русия мубориза бо нажодпарастӣ то ҳол дар сатҳи давлатӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа эътироф нашудааст. Ҳарчанд барои ҷазо додани нафратангезӣ ва нажодпарастӣ қонунҳо вуҷуд доранд, вале иҷрои онҳо “номуназзам ва интихобӣ” аст. Ба бовари коршинос, маҳз ҳамин беҷазоӣ боис мешавад, ки гурӯҳҳои тундрав худро озод ва бебок ҳис кунанд.






Как фермеры Таджикистана борются с изменением климата? Наглядно
Таджикская валюта в 2025 году окрепла к доллару и евро, но ослабла к рублю
Сколько заработали таджикские бойцы в UFC в 2025 году?
Вышел зимний номер VIPzone: в нем самые яркие истории, идеи и главные лица 2025 года
В Таджикистане в 2025 году приостановили работу 186 объектов за нарушение санитарных норм
Долговая паутина Таджикистана: кто держит нити?
Виталий Левченко снова возглавит «Истиклол»: что известно о назначении
Amir Tour признана лучшей туркомпанией во внутреннем туризме в Таджикистане
Посол Таджикистана призвал студентов-таджикистанцев уважать ценности России
Американский инвестор-легенда купил акции компаний узбекской биржи
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста