Вероника Наумова, як шаҳрванди Русия ва парастори Далер Бобиеви 6-сола, кӯдаки муҳоҷир аз Тоҷикистон барои куштори кӯдак бо бераҳмии махсус гунаҳкор дониста шуда, ба 24 соли зиндон маҳкум гардид.

Хабаргузории "ТАСС" навиштааст, Наумова дар куштор бо аломатҳои бадбинии миллӣ, расонидани зарари вазнин ба соломатӣ, ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан, ҷалби ноболиғ ба ҷиноят ва қаллобӣ дар гирифтани кумакпулиҳо гунаҳкор дониста шудааст.

Манбаъ менависад, ки ҳамчунин ҷияни Наумова, Даниил Еголников, низ барои шиканҷаи кӯдак ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.

Қаблан, дар моҳи сентябри соли гузашта, шавҳари Наумова, Александр Наумов низ барои шиканҷаи ҳамин кӯдак ба 5 соли колонияи низомаш умумӣ маҳкум шуда буд.

Далер Бобиев
Акс аз манбаъзҳои боз

Бояд гуфт, ки Хӯҷа Бобиев, падари Далер Бобоиев шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дар Русия барои дуздӣ маҳкум шуда буд ва модараш аз сабаби майзадагӣ аз ҳуқуқи волидайн маҳрум гашт. Аз ин рӯ, писарбача ба оилаи Вероника Наумова ба парасторӣ супурда шуд.

Аммо тавре дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, Далер дар ин оила мавриди шиканҷа қарор доштааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли 2023 Вероника Наумова дар бораи “ғайб задан”-и Далер ба мақомот хабар дода буд. Ин ҳодиса боиси ҷустуҷӯи густардаи кӯдак дар Екатеринбург гардид, ки дар он сокинон ва полис ширкат доштанд.

Дере нагузашта ҷасади писарбача дар халтае пинҳоншуда дар мошинсарой (гараж) пайдо шуд. Ташхис нишон дод, ки Далер зиёда аз шаш моҳ пеш аз пайдо шудани ҷасадаш фавтида буд.

Мувофиқи маълумоти тафтишот, Наумова писарбачаро бо қошуқи оҳанӣ барои пойафзол зада, сипас ӯро ба ваннаи оби хунук андохта, ғарқ кардааст.

Пас аз марги кӯдак, ӯ ҷасадро пинҳон намудааст, то аз гирифтани кумакпулиҳои давлатӣ барои Далер идома диҳад.

Ин ҳодиса бори дигар масъалаи назорат бар оилаҳои парасторӣ ва амнияти кӯдаконеро, ки дар чунин оилаҳо зиндагӣ мекунанд, доғ кард.

Ҳамасола даҳҳо ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба кишвар оварда мешавад. 

Қаблан, парвандаи Ҳувайдо Тиллозода, як духтари панҷсолаи тоҷик, ки аз сӯи як табааи Русия кушта шуд, пурсарусадо буд. Як сол пеш Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия барои таҷовуз ва қатли ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода дар соли 2018 ба ҳабси абад маҳкум гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.