Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия, ки панҷ сол пеш Ҳувайдо Тиллозода, духтараки панҷсолаи тоҷикро ваҳшиёна ба қатл расонида буд, ба ҳабси абад маҳкум гардид. Ӯ қаблан ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Додгоҳи таҷдиди назар (кассатсионӣ) – и Русия ҳукми қаблан содиршуда барои Александр Сёминро тағйир дода, ӯро барои як умр равонаи зиндон кард.
Ҳукми 24 соли зиндон барои Александр Сёмин санаи 15-уми марти соли ҷорӣ содир шуда буд.
Имрӯз, 14-уми сентябр, Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳукм одилона аст ва ҳамакнун, ӯ ба ватан бармегардад.
“Дар ниҳоят мо дар ин додгоҳ пирӯз шудем ва Сёмин муҷозот шуд. Солҳо азоби зиёд кашидам ва ҳатто кор карда натавонистам. Ҳоло ҳукми одилона эълон шудааст ва ман аз ҳамаи онхое, ки маро дастгирӣ намуданд ва паҳлӯям будан, аз ҷумла вакили дифоъ, ки то лаҳзаи охирин ҳамроҳи ман буд ва барои ҷинояткор ҷазои сахт талаб карду бурд кардем, миннатдорам. Акнун ба ватан бармегардам ва бо оилаам мемонам, зеро дар ин ҷо вазифаи падариамро иҷро кардам”, - гуфт Абдусалом Саидов.
Назари пайвандон ва вакили дифои Александ Сёмин дастрас нест.

Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.
Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.
Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста