Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 9-11 июл дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи нишасти СҲШ дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо сарони кишварҳои Русия – Владимир Путин, Афғонистон - Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Эрон – Ҳасани Рӯҳонӣ, Чин – Си Ҷинпин ва президенти Бошқирдистон (Русия) – Рустам Ҳамидов дар назар аст.
«Дар шаҳри Уфа Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС (Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ ва Русия) ва вохӯрии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) низ иштирок мекунад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни сафар ба Уфа президенти Тоҷикистон бо намояндагони диаспораи тоҷикон дар Бошқирдистон низ мулоқот хоҳад кард. «Ғайр аз ин, дар Уфа вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорони яке аз мактабҳои олии техникии Бошқирдисотон низ баргузор мешавад, ки пас аз анҷоми он ба президенти Тоҷикистон унвони профессори фахрӣ супурда хоҳад шуд», - афзуд сарчашмаи хабар.
Учёба за рубежом. Доступные программы для студентов и школьников из Таджикистана
Госдума запретила брать в школы детей мигрантов без знания русского
В России назвали три сферы, которые будут остро нуждаться в трудовых мигрантах в 2025 году
Таджикские геологи нашли 15 площадей с проявлением редких металлов
В Таджикистане в конце недели ожидается резкое понижение температуры
Казахстан и Таджикистан вышли на новый уровень сотрудничества
5 важных проектов ЮНИСЕФ, которые работают в Таджикистане
Что скрывается за кулинарными традициями регионов Китая?
В Таджикистане появится новый профессиональный праздник
На остановках в Душанбе появились электронные табло
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста