Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ 18 апрели соли 2016 сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар ш,тошканд) Муҳаммад Таршаҳониро ба хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, саёҳат, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳошияи СММ, СҲИ ва созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.